Дар Тоҷикистон ошкору мусодираи маводи мухаддир якбора афзоиш ёфтааст

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкУничтожение наркотических средств в Таджикистане
Уничтожение наркотических средств в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Обуна шудан
Дар нимсолаи аввали соли 2023 кормандони ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 45% бештар маводи мухаддирро ошкор ва мусодира кардаанд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон теъдоди мусодирашудаи маводи мухаддир афзоиш ёфтааст.
Дар ин бора намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовар дар нишасти хабарии ҳисоботӣ хабар дод.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи ин ниҳод, дар нимсолаи аввали соли 2023 нерӯҳои амниятӣ 366 кг маводи мухаддирро мусодира кардаанд.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115 кило ё 45% зиёд аст.
Дар ҳамин ҳол, шумори худи ҷиноятҳо дар ин самт ба таври қобили мулоҳиза кам шудааст.
Наркотики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.07.2023
Раҳмон қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро хатарзо хонд
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Агентӣ 69 ҷиноят ошкор карда шуда бошад, дар ҳамин марҳилаи соли гузашта 82 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили тобистон дар Душанбе ҷаласае баргузор шуд, ки баргузории амалиёти "Кӯкнор-2023"-ро назорат ва ҳамоҳанг мекунад.
Дар рафти чорабинӣ ҳозирин масъалаи ошкор ва нобудсозии растаниҳои худрӯй ва ғайриқонунӣ шинондашударо баррасӣ намуданд.
Мутахассисон ҳамчунин нақшаи бастани хатсайрҳои интиқоли ғайриқонунӣ, масирҳои интиқоли маводи мамнӯъ ва чораҳои пешгирӣ аз истеъмоли маводи мухаддирро муайян карданд.
Лентаи хабарҳо
0