https://sputnik.tj/20230704/rahmon-qochoq-mavod-mukhaddir-afghoniston-khatarzo-1058070877.html
Раҳмон қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро хатарзо хонд
Раҳмон қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро хатарзо хонд
Sputnik Тоҷикистон
Маҷрои маводи мухаддир дар “масири шимолӣ” дар ҳоли афзоиш аст ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ки зидди ин тамоюл муборизаи ҷиддӣ шавад
2023-07-04T15:36+0500
2023-07-04T15:36+0500
2023-07-04T15:38+0500
эмомалӣ раҳмон
афғонистон
маводи мухаддир
бонги хатар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046708198_0:149:640:509_1920x0_80_0_0_90c3f6481a7e0f7b7cafe4740130f62c.jpg
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Миқёси қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон мизони таҳдидкунанда касб кардааст. Ин андешаро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои ин созмон, ки ба таври онлайнӣ ҷараён дорад, баён дошт. Ба андешаи ӯ, бояд кори ҳамаҷониба оид ба такмили заминаи ҳуқуқӣ бо дарназардошти таъсиси сохтори нави дахлдори Созмони ҳамкории Шанхай идома ёбад. Гуфта мешавад, ки дар соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 4,1 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст. Роҳи асосии таъминот Афғонистон аст. Қобили зикр аст, ки солҳои ахир қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон тақрибан се баробар афзоиш ёфтааст. Қаблан дар ВМКБ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ шарикони қочоқбарони маводи мухаддири афғониро, ки сокинони шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанди вилояти Суғд буданд, боздошт карданд.
https://sputnik.tj/20190708/amaliyot-kuknor-2019-badakhshon-1029358254.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/03/0b/1046708198_0:89:640:569_1920x0_80_0_0_56dfff7678fd584aa47bab9f40e15d28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон қочоқ мавод мухаддир афғонистон хатар
раҳмон қочоқ мавод мухаддир афғонистон хатар
Раҳмон қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистонро хатарзо хонд
15:36 04.07.2023 (Навсозишуда: 15:38 04.07.2023) Маҷрои маводи мухаддир дар “масири шимолӣ” дар ҳоли афзоиш аст ва раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостааст, ки зидди ин тамоюл муборизаи ҷиддӣ шавад
ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Миқёси қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави Афғонистон мизони таҳдидкунанда касб кардааст.
Ин андешаро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни суханронӣ дар нишасти сарони кишварҳои ин созмон, ки ба таври онлайнӣ ҷараён дорад, баён дошт.
"Муқовимат ба ин тамоюл бояд аз вазифаҳои асосии созмон боқӣ монад", - гуфт ӯ.
Ба андешаи ӯ, бояд кори ҳамаҷониба оид ба такмили заминаи ҳуқуқӣ бо дарназардошти таъсиси сохтори нави дахлдори Созмони ҳамкории Шанхай идома ёбад.
Гуфта мешавад, ки дар соли 2022 дар Тоҷикистон ҳудуди 4,1 тонна маводи мухаддир мусодира шудааст.
Роҳи асосии таъминот Афғонистон аст.
Қобили зикр аст, ки солҳои ахир қочоқи маводи мухаддир дар Тоҷикистон тақрибан се баробар афзоиш ёфтааст.
Қаблан дар ВМКБ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ шарикони қочоқбарони маводи мухаддири афғониро, ки сокинони шаҳрҳои Бӯстону Хуҷанди вилояти Суғд буданд, боздошт карданд.