Бо технологияи Русия сутуни биноҳо дар Тоҷикистонро таҳти назорат мегиранд

© Sputnik / Александр КряжевСтроительный кран. Архивное фото
Строительный кран. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Обуна шудан
Санҷиши мехсутунҳо дар майдони сохтмонӣ, тибқи талабот, тартиб ва меъёру қоидаҳои сохтмонӣ амалӣ карда мешавад, иттилоъ дод Кумитаи меъморӣ
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон озмоишгоҳи махсусгардонидашуда бо таҷҳизоти муосири истеҳсоли Русия таъсис дода шуд.
Дар ин бора роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба иттилои манбаъ, ин озмоишгоҳ бо мақсади баҳодиҳии риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникӣ, сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ таъсис ёфт.
Таъмини тобоварии бинову иншоот, махсусан пас аз ҳодисаҳои пурқурбонӣ дар давлатҳои Туркия ва Сурия, аз ҳадафҳои дигари ташкили озмоишгоҳ арзёбӣ шудааст.
Карта Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Нақшаи бунёди беш аз 28 ҳазор иншоот дар Тоҷикистон
Таъкид гардид, ки санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба воситаи технологияҳои муосири Русия амалӣ мешавад.
"Мақсади асосии санҷиш, ин муайян намудани қобилияти борбардории мехсутунҳо мебошад, ки баъди санҷиш бо натиҷаи ҳисоби конструктивӣ муқоиса карда мешавад", - изҳор дошт ӯ.
Роҳбарияти Кумита қаблан дар пайи санҷиши биноҳои аллакай бунёдгардида дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон - Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар изҳор дошт, ки тобоварии онҳо ба заминларза қаноатбахш буда, назорат дар ин самт таҳким меёбад.
Лентаи хабарҳо
0