Нақшаи бунёди беш аз 28 ҳазор иншоот дар Тоҷикистон

© Sputnik / Sputnik / Стас ЭтвешКарта Таджикистана, архивное фото
Карта Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Обуна шудан
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон нақшаи бунёдкориҳо барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии истиқлоли давлатиро эълон дошт
ДУШАНБЕ, 2 авг – Sputnik. Беш аз 20%-и нақшаи бунёдкорие, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳия шудааст, аллакай иҷро гардид.
Дар ин бора роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи манбаъ, дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди зиёда аз 28 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст.
"Ба ҳолати 1 июли соли равон 5,7 ҳазор иншоот ба истифода супорида шудааст, ки беш аз 20%-и нақшаро ташкил медиҳад", - омадааст дар иттилоия.
Рабочие на строительстве жилого комплекса Бригантина в Долгопрудном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Кашфи қариб 2,4 ҳазор камбудӣ дар сохтмонҳои Тоҷикистон: Ба заминҷунбӣ тобоваранд?
Ахиран ин ниҳод иттилоъ дод, ки дар 6 моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба масоҳати умумии қариб 773 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Ба иттилои роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони наздики ҳукумати Тоҷикистон, дар нимсолаи якуми соли 2023 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи беш аз 8 млрд сомонӣ истифода шудааст.
Моҳҳои январ-июни соли равон фондҳои асосӣ ба маблағи беш аз 2,88 млрд сомонӣ ба кор андохта шудаанд, афзуд манбаъ.
Таъкид шудааст, ки иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ беш аз 7 млрд сомониро ташкил дод.
Лентаи хабарҳо
0