Кашфи қариб 2,4 ҳазор камбудӣ дар сохтмонҳои Тоҷикистон: Ба заминҷунбӣ тобоваранд?

© Sputnik / Алексей ФилипповРабочие на строительстве жилого комплекса "Бригантина" в Долгопрудном, архивное фото
Рабочие на строительстве жилого комплекса Бригантина в Долгопрудном, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Обуна шудан
Комиссияи вижаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон тобоварии биноҳо дар 3 шаҳри бузургтарини кишварро қаноатбахш арзёбӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Санҷиши биноҳо дар шаҳри Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар муайян кард, ки тобоварияшон ба заминларзаҳо қаноатбахш аст.
Дар ин бора раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон Низом Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Комиссияҳо барои санҷиши биноҳо дар Тоҷикистон баъди заминларзаи пурқурбонӣ дар Туркия ташкил шуда буданд.
Дар маҷмуъ ба иттилои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон нисбати сифати корҳои сохтмонию васлкунӣ 1255 санҷиш гузаронда шуда, дар натиҷа наздики 2,4 ҳазор камбудӣ ошкор карда шудаст.
Строительство нового многоквартирного дома в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Дар Тоҷикистон чӣ қадар хонаи истиқоматӣ сохта шудааст?
Масъулини кумита мегӯянд, бештари камбудиҳо ҷузъӣ буда, аз ҷумла ба ҳуҷҷатгузориҳо рабт доранд, ки дар натиҷа дастандаркорон 985 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шудаанд.

Қаблан роҳбари Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон гуфт, биноҳои баландошёнае, ки дар шаҳри Душанбе сохта шудаанд ё сохта мешаванд, тобовар ба заминларзаи 8,5-9 балл пешбинӣ шудаанд.
Ба гуфтаи вай, барои бунёди иншоот дар ҷумҳурӣ вобаста ба минтақа бо назардошти фаъолияти сейсмикии маҳаллӣ иҷозат дода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0