Мирзозода гуфт, биноҳои нави парлумону ҳукумати Тоҷикистон кай ба истифода дода мешавад

© Пресс-служба комитета по строительству и архетектуре РТПроект нового здания парламента РТ
Проект нового здания парламента РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Обуна шудан
Биноҳои наив парлумону ҳукумати кишвар, ки бо истифодаи унсурҳои миллӣ бо санъати баланди меъмории муосир таҳия мешавад, соли оянда ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Муҳлати ба истифода донаи биноҳои нави ҳукумат ва порлумони Тоҷикистон ба таъхир афтод.
Тавре раиси пешини Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон марҳум Маҳмадсаид Зувайдзода дар оғози соли 2022 гуфта буд, ба истифода додани онҳо моҳи октябри соли 2023 ба нақша гирифта шудааст.
Аммо раҳбари кунунии ин ниҳод Мирзозода Низом Юсуфӣ мегӯяд, сохтмони ин иншооти муҳим соли 2024 ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳанд гирифт.
Аммо ӯ шарҳ надод, ки чаро муҳлати баистифодадиҳӣ ба таъхир афтодааст.
Бинои парлумон дар шафати хиёбони Рӯдакӣ бунёд шуда, баландии бинои асосӣ 49,7 метр, бо назардошти гунбаз - 70 метрро ташкил медиҳад.
Масоҳати қитъаи замини Маҷмааи ҳукумати Тоҷикистон 10,27 гектарро ташкил дода, дар он бинои 15 ошёнаи Ҳукумат, ду бинои 13 ошёнагии идораҳои назди Ҳукумат бунёд мегардад.
Строительство нового многоквартирного дома в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.08.2023
Дар Тоҷикистон чӣ қадар хонаи истиқоматӣ сохта шудааст?
Ба иттилои раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон, бинои ояндаи парлумони Тоҷикистон дар масоҳати беш аз 42 ҳазор метри мураббаъ ва бинои ҳукумат дар майдони 44 ҳазор метри мураббаъ бунёд хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, ки тарҳҳо аз ҷониби ду ширкатӣ чинӣ, ки дар тендер ғолиб омадаанд, сохта мешаванд.
Қаблан хабар дода шуда буд, Тоҷикистон маводу таҷҳизоти воридотӣ ба кишварро, ки барои сохтмони ин иншоот пешбинӣ шудаанд, аз пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ озод мекунад.
Бино ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, бар асоси ин ёддошт, Чин барои бунёди ин иншоот ҳудуди 1,5 миллиард юан ихтисос хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0