https://sputnik.tj/20230802/tojikiston-qadar-khona-istiqomati-sokhta-1058588839.html
Дар Тоҷикистон чӣ қадар хонаи истиқоматӣ сохта шудааст?
Дар Тоҷикистон чӣ қадар хонаи истиқоматӣ сохта шудааст?
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки дар нимсола чӣ қадар манзилҳои истиқоматӣ, мактаб ва дармогоҳ ба истифода дода шуд
2023-08-02T11:59+0500
2023-08-02T11:59+0500
2023-08-02T12:01+0500
дар тоҷикистон
сохтмон
кумитаи меъморӣ ва сохтмони ҷт
манзил
мактаб
дармонгоҳ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1d/1031983220_0:73:3379:1974_1920x0_80_0_0_ea2ca1d1f9327271a7e80d6fcaf570dc.jpg
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар 6 моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба масоҳати умумии қариб 773 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.Дар ин бора роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони наздики ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи манбаъ, дар нимсолаи якуми соли 2023 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи беш аз 8 млрд сомонӣ истифода шудааст. "Моҳҳои январ-июни соли 2023 фондҳои асосӣ ба маблағи беш аз 2,88 млрд сомонӣ ба кор андохта шудаанд", - омадааст дар иттилоияи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон. Таъкид шудааст, ки иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ беш аз 7 млрд сомониро ташкил дод. Дар шароити Тоҷикистон, ки аҳолӣ ҳамасола афзоиш ёфта истодааст, сохтмони макотибу дармонгоҳҳо низ аз масоили мубрам ба шумор мераванд. Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ки дар давоми 6 моҳи аввали соли равон бинои мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои беш аз 4,1 ҳазор талаба ба истифода дода шуд. Ин ниҳод ҳамчунин афзуд, ки бунёди муассисаҳои тандурустӣ низ ҷараён дошта, аз ҷумла дар нимсола дармонгоҳҳо барои 120 қабул дар як баст барои истифода пешниҳод шудаст. Дар ин муддат инчуннин муассисаҳои томактабӣ барои 520 ҷой ба истифода дода шуданд, илова намуд Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон.
https://sputnik.tj/20230713/suporishi-raisi-vmkb-khona-sokinon-ofati-tabi-zarardida-1058250004.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/1d/1031983220_324:0:3055:2048_1920x0_80_0_0_269383fd59cfb1ab16936001f8ded4d1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хона, ҳаҷм, сохтмон, ҳукумат, тоҷикистон
хона, ҳаҷм, сохтмон, ҳукумат, тоҷикистон
Дар Тоҷикистон чӣ қадар хонаи истиқоматӣ сохта шудааст?
11:59 02.08.2023 (Навсозишуда: 12:01 02.08.2023) Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки дар нимсола чӣ қадар манзилҳои истиқоматӣ, мактаб ва дармогоҳ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Дар 6 моҳи аввали соли равон дар Тоҷикистон ба масоҳати умумии қариб 773 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуданд.
Дар ин бора роҳбарияти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони наздики ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи манбаъ, дар нимсолаи якуми соли 2023 инвеститсияи сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои сармоядиҳӣ ба маблағи беш аз 8 млрд сомонӣ истифода шудааст.
"Моҳҳои январ-июни соли 2023 фондҳои асосӣ ба маблағи беш аз 2,88 млрд сомонӣ ба кор андохта шудаанд", - омадааст дар иттилоияи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.
Таъкид шудааст, ки иҷроиши корҳои сохтмонию васлгарӣ беш аз 7 млрд сомониро ташкил дод.
Дар шароити Тоҷикистон, ки аҳолӣ ҳамасола афзоиш ёфта истодааст, сохтмони макотибу дармонгоҳҳо низ аз масоили мубрам ба шумор мераванд.
Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита иттилоъ дод, ки дар давоми 6 моҳи аввали соли равон бинои мактабҳои таҳсилоти умумӣ барои беш аз 4,1 ҳазор талаба ба истифода дода шуд.
Ин ниҳод ҳамчунин афзуд, ки бунёди муассисаҳои тандурустӣ низ ҷараён дошта, аз ҷумла дар нимсола дармонгоҳҳо барои 120 қабул дар як баст барои истифода пешниҳод шудаст.
Дар ин муддат инчуннин муассисаҳои томактабӣ барои 520 ҷой ба истифода дода шуданд, илова намуд Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон.