Вазъи молиявию ҳолати хароби варзишгоҳ: Чаро “Равшан”-и Зафаробод бозӣ надорад – видео

Обуна шудан
Эксклюзив
Дастаи футболи “Равшан” и Зафаробод ба мушкилоти молиявӣ тоб оварда натавонист ва баъди як сол аз сафи лигаи олии футбол хориҷ шуду пароканда гардид
Муассисони тими “Равшан” и Зафаробод изҳор мекунанд, ки ба ҷузъ камбуди молӣ, набуди варзишгоҳ яке дигар аз мушкили умда буд, ки сабаби барҳамхурии даста гардид.
Қамари Аҳрор, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон, зимни сафар ба ноҳияи Зафаробод аз бузургтарин варзишгоҳи ноҳия дидан кард, ки ҳолаташ хеле харобу валангор аст.
Хурсандмурод Ҷумъаев, роҳбари дастаи “Равшан” зимни суҳбат гуфт, ки дар иҷроиши буҷҷаи ноҳия мушкил пеш омад ва ваъдаҳое, ки барои беҳбудии ин даста аз тарафи ҳукумат дода шуда иҷро нагардид.
Зебинисо Рустамова: Имрӯз дар Тоҷикистон онеро мебинам, ки қаблан орзуяшро доштам
“Раиси қаблии ноҳия вақте мо дар Лигаи якум бозӣ мекардем, ваъдаҳои зиёд карда буданд. Мо ба лигаи Олӣ роҳ ёфтем, аммо ваъдаҳои раис иҷро нашуд. Набудани варзишгоҳ ва инчунин аз сабаби набудани маблағ мо ба ду бозии сафарӣ рафта натавонистем ва тибқи оинномаи футбол моро аз лигаи якуми футбол хориҷ карданд” – зикр кард, мусоҳиби Sputnik Тоҷикистон “Равшан”.
Тими футболи “Равшан” соли 2016 бо азми як гурӯҳ ҷавнони футболдӯсти Зафаробод таъсис дода шуда, то соли 2019 дар Лигаи дуюми футболи Суғд ширкат варзидааст. Солҳои 2020 – 2021 дар Лигаи якум роҳ ёфта, соли 2022 бо комёбии мутлақ ба Лигаи олии футболи Тоҷикистон шомил шуд.
Аммо ин дастаи футбол варзишгоҳи мутобиқ ба меъёрҳои футболи бузург надорад. Нозирони Федератсияи футболи Тоҷикистон бинобар номутобиқатии шароит баргузории бозиҳои бузурги футбол дар бузургтарин варзишгоҳи ин ноҳияро манъ намудаанд.
Футболбози шинохтаи тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт
Аз ҳамин сабаб дастаи “Равшан” давоми шаш соли фаъолияти худ ҳамаи бозиҳояшро дар сафар доир кардааст, ки чунин ҳолат ба вазъи бе ин ҳам хароби молиявии даста хароҷоти зиёд овардааст.
Зуфар Исмоилзода, раиси нави ноҳияи Зафаробод дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барои таъмири варзишгоҳ талош мекунад.
“Ман ҳамчун раиси навтаъйин гуфта метавонам, ки мо камари ҳиммат мебандем ва варзишгоҳро таъмир мекунем. Варзиш - гарави саломатӣ аст” – зикр кард, раиси ноҳия.
Ҳайати “Равшан” умедворанд, ки ҳукумати ноҳия варзишгоҳро таъмир мекунанд ва шурӯъ аз соли оянд онҳо дубора ба майдони футбол бармегарданд.
Лентаи хабарҳо
0