Зебинисо Рустамова: Имрӯз дар Тоҷикистон онеро мебинам, ки қаблан орзуяшро доштам

Обуна шудан
Эксклюзив
Камонвари тоҷик, Зебинисо Рустамова, ки дар Ватану берун аз он шинохта аст, дар суҳбати ихтисоси бо Sputnik дар бораи иштирокаш дар Бозиҳои олимпӣ суҳбат кард
Зебинисо Рустамова камонвари тоҷик ҳанӯз дар овони 15 солагӣ дар сабқатҳо дар риштаи камондорию тирандозӣ дар тими ҷавонони Шӯравӣ ширкат мекард.
Дуруст замоне, ки 19 сола буд, ӯро ба ҳайати асосии тими Иттиҳоди Шӯравӣ пазируфтанд. Соли 1975 дар нахустин иштирокаш дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба камонварӣ, ки миёни занон дар Интерлакени Швейтсария доир мешуд, бахт ба рӯяш хандиду ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ ва ё собиқ Иттиҳоди Шӯравиро ба пирӯзӣ расонду рекорди ҷаҳониро бо номи худ асос гузошт.
Дар соли 1976 қаҳрамони олимпии Монреал шуд ва медоли биринҷиро барои кишвар ба армуғон овард.
Зебинисо Рустамова ҳоло аз нахустин варзишкорони зан дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки ба унвони “Қаҳрамони ҷаҳон” ноил шудааст.
Истиқболи Рустамова аз таъйиноти кадрӣ дар бахши варзиш
Болотарин ҷоизаи камонварӣ дар Тоҷикистон номи ӯро дорад. Ва ба маҳзи ин бонуи ифтихоровари тоҷик, бисёре аз волидон дар Тоҷикистон номи навзодони худро Зебинисо ниҳодаанд, то тифли онҳо ҳам рӯзе ба мисли ин зани камонвар шӯҳратёр шаванд.
Зебинисо Рустамова, дар рӯзи 29-уми январи соли 1955 дар шаҳри Душанбе таваллуд шуда, омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Рустамова то ин замон дар як қатор вазифаҳои давлатию ҷамъиятӣ кор кардааст. Ӯ соли 1986- 1991 муовини раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳуриии сотсиалистии Тоҷикистон буд. Солҳои 1992-1995 раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Тоҷикистон ва дар солҳои 1992 - 2000 -ум ноиби Президенти Кумитаи Олимпии Тоҷикистон (вазифаи ҷамъиятӣ) кор кардааст.
Беҳтарин ва фаромӯшнашаванда: Зебинисо Рустамова дар бораи Олимпиада-80 дар Маскав
Ин зани камондори тоҷик 50 сол ба ин тараф бо варзиш аст ва мегуяд, наметавонад ин пешаро канор гузорад ва бознишастагӣ кунад.
Ин устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ ҳоло дар Хуҷанд зиндагӣ мекунад. Фарзандону наберагон ва хоҳаронаш дар шаҳри Душанбе ба сар мебаранд.
Зебинисо Рустамова, дар мусоҳибаи ихтисосии видеоӣ бо Қамари Аҳрор, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон дар бораи Олимпиадаи соли 80-уми Маскав, ғалабаҳои пайвастааш дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ ва аз рушду мушкили варзиш дар Тоҷикистон сӯҳбат кард.
Лентаи хабарҳо
0