Футболбози шинохтаи тоҷик ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафт

© Фото : СоцсетиТаджикский футболист Шохрух Сангов
Таджикский футболист Шохрух Сангов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2023
Обуна шудан
Бозингари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва иштирокчии чемпионати ҷаҳон (U17) Шоҳрух Сангов барои ҷустуҷӯи кор ба Истраи назди Маскав рафт
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Футболбози тоҷик Шоҳрух Сангов, ки дар бошгоҳи "Регар-ТадАЗ" бозӣ мекард, фаъолияти касбии варзишияшро қатъ кардааст.
Дар ин бора як манбаи Sputnik Тоҷикистон дар "Регар-ТадАЗ" хабар дода, афзуд, ки Сангов фаъолияташро дар бошгоҳи мазкур хотима додаст.
"Футболбози тоҷик, ки ҳамчун ҳимоятгари тарафи рост бозӣ мекард, тасмим гирифт, ки ба муҳоҷирати корӣ ба Русия равад. Ин барои мо аз даст додани футболбози боистеъдод аст", - афзуд мусоҳиб.
Тавре дар даста таъкид шуд, аксар вақт барои бозигарони ҷавон дар футбол ба даст овардани маблағ душвор аст, то барояшон имконият фароҳам гардад, ки таҳсил кунанд, оиладор шаванд ва ё хонаводаашонро таъмин кунанд.
Товарищеский матч Пахтакор - Истиклол в Ташкенте - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2023
Пирӯзии "Истиқлол" бар "Пахтакор" дар Тошканд
"Ҳамаи ин таъминот маблағро талаб мекунад", - хулоса кард манбаъ.
Гуфта мешавад, футболбози умедбахш шартномаашро бо "Регар-ТадАЗ", ки соли 2022 аз "Файзканд"-и Восеъ ба он гузашта буд, тамдид накардааст.
Ҳатто қаблан ӯ дар ҳайати бошгоҳи ҷавонони "Локомотив-Помир" (Душанбе) бозӣ мекард.
Ба гуфтаи ин манбаъ, Шоҳрух Сангов ҳоло дар Истраи наздикии Маскав ба сар мебарад ва дар ҷустуҷӯи кор аст.
Дар ҳоли ҳозир пойгоҳи олмонии Transfermarkt арзиши бозигарро 175 ҳазор евро арзёбӣ кардааст. Вай дар Лигаи олии Тоҷикистон дар ҳайати "Регар-ТадАЗ" 10 бозӣ анҷом додааст.
Лентаи хабарҳо
0