Дар Хуҷанд сохтмони се бинои истиқоматӣ манъ шудааст: Сифати сохтмонашон паст аст

© SputnikСтроительство нового дома в Душанбе
Строительство нового дома в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2023
Обуна шудан
Комиссияи Кумитаи меъморӣ ва сохтмонӣ ба далели як қатор камбудиҳо, сохтмони се бинои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷандро боз доштааст
ДУШАНБЕ, 29 июл – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони се бинои истиқоматӣ манъ шуааст, гуфт Фирдавс Шарифзода, раиси шаҳри Хуҷанд ба рӯзноманигорон.
Бино ба гуфти ӯ, комиссияи Кумитаи меъморӣ ва сохтмонӣ зимни азназаргузаронӣ ва таҳлил дар раванди сохтмонӣ камбудиҳоро ошкор кардаанд.
"Аз ҷониби ин комиссия ба унвонии мо маълумот пешниҳод карданд се хонаи истиқоматӣ дар ҳудуди шаҳр аз лиҳози сифати сохтмон мушкил доранд ва аз ин сабаб сохтмони онҳо муваққатан боз дошта шудааст” – гуфт, Шарифзода.
Шаҳрдори Хуҷанд аз чунин ширкатҳои сохтмонӣ ном набурд, балки танҳо ҳамин қадар гуфт, ки баъди бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дубора сохтмони онҳо аз сар гирифта хоҳад шуд.
Рухдоди зилзилаи шадиди рӯзи 6 уми феврали соли ҷорӣ дар давлатҳои Туркия ва Сурия, садҳо биноҳои истиқоматӣ чаппа шуда ва беш аз 40 ҳазор нафар кушта шуданд.
Ин ҳодисаи мудҳиш ҳукумати Тоҷикистонро водор кард, ки риояи корҳои сохтмонӣ, дараҷаи тобоварии биноҳо ба зилзила ва дигар меъёрҳои сохтмонӣ санҷида шавад.
Строительство - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.02.2023
Тоби заминларза доранд ё не?: Комиссияи махсус 3 шаҳри Тоҷикистонро месанҷад
Комиссияи махсуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмонӣ, ки дар ҳайати он масъулони Хадамоти назорати давлатии меъморӣ ва сохтмон, Институти геология ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳо, Пажуҳишгоҳи илмӣ-татқиқотии сохтмон ва меъморӣ, корхонаи воҳиди давлатии “Лоиҳакаш” ва дигар мутахассисони соҳаи сохтмон шомил буданд.
Комиссия давоми бештар аз як моҳ ҳолати сохтмонии биноҳои истиқоматии давоми солҳои 2018-2022 сохташуда ва дар ҳоли сохтусоз қарордоштаи шаҳрҳои Душанбе, Бохтар ва Хуҷандро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додаанд. Бар пояи маълумоти расмӣ давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 7 бинои истиқоматии навбунёд мавриди истифода қарор дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0