https://sputnik.tj/20230727/tojikiston-tavsea-metalho-kamyob-kor-1058479465.html
Тоҷикистон рӯи тавсеаи азхудсозии металлҳои камёб кор мекунад
Тоҷикистон рӯи тавсеаи азхудсозии металлҳои камёб кор мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Сардори Саридораи геологияи Точикистон дар суҳбат бо хабаронигорон аз муваффақиятҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи азхудкунии металлҳои камёби замин гуфт
2023-07-27T16:55+0500
2023-07-27T16:55+0500
2023-07-27T20:35+0500
дар тоҷикистон
саридораи геологияи ҷт
истеҳсолот
ҷустуҷӯ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1d/1051758716_0:370:960:910_1920x0_80_0_0_44b25ed4609133cc363dd16c41bf74db.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Геологҳои тоҷик на танҳо барои дарёфт намудани конҳои литий, балки дигар филизоти камёби замин ҳам кор карда истодаанд. Дар ин бора сардори Саридораи геологияи ҷумҳурӣ Илҳом Оймуҳаммадзода изҳор дошт.Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки лоиҳаи нав дар ин самт идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом "дар қисмати марказии Тоҷикистон, ки дар он минтақаҳои ояндадори филизоти нодири замин вуҷуд дорад, амалӣ хоҳад шуд". Гузашта аз ин, Оймуҳаммадзода ёдовар шуд, ки ҷумҳурӣ аз ҷиҳати захираи сурма дар ҷаҳон пас аз Чин дар ҷои дуюм аст. "Фикр мекунам, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон метавонад ҷои аввалро ишғол кунад", - итминон дод ӯ. Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 8 кони ояндадор мавҷуд аст.Ба иттилои манбаъ, бо истифода аз маблағҳои буҷавӣ давоми нисм сл аз рўи 27 лоиҳа ба маблағи 6 млну 105ҳ 569 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология ба роҳ монд. Ҳамчунин корҳои шартномавӣ аз рўи 149 лоиҳа ба маблағи беш аз 11,1млн сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 85,3 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд.
https://sputnik.tj/20230609/khatlon-rusiya-geolog-beshtari-tojik-1057652680.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1d/1051758716_0:280:960:1000_1920x0_80_0_0_3be4cada1b7e6f3fbd68ffe5b7405246.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон тавсеа азхудсозӣ металҳо камёб кор
тоҷикистон тавсеа азхудсозӣ металҳо камёб кор
Тоҷикистон рӯи тавсеаи азхудсозии металлҳои камёб кор мекунад
16:55 27.07.2023 (Навсозишуда: 20:35 27.07.2023) Сардори Саридораи геологияи Точикистон дар сӯҳбат бо хабаронигорон аз муваффақиятҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи азхудкунии металлҳои камёби замин гуфт
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Геологҳои тоҷик на танҳо барои дарёфт намудани конҳои литий, балки дигар филизоти камёби замин ҳам кор карда истодаанд.
Дар ин бора сардори Саридораи геологияи ҷумҳурӣ Илҳом Оймуҳаммадзода изҳор дошт.
"Дар ҳоли ҳозир дар қисмати ҷанубии Помир аз ҷониби ин ниҳод корҳои иктишофии пешакии қитъаҳои дорои литий гузаронида шуда, захираҳои зиёди категорияи С2 мавҷуд аст", - гуфт ӯ.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки лоиҳаи нав дар ин самт идома дорад.
Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом "дар қисмати марказии Тоҷикистон, ки дар он минтақаҳои ояндадори филизоти нодири замин вуҷуд дорад, амалӣ хоҳад шуд".
Гузашта аз ин, Оймуҳаммадзода ёдовар шуд, ки ҷумҳурӣ аз ҷиҳати захираи сурма дар ҷаҳон пас аз Чин дар ҷои дуюм аст.
"Фикр мекунам, ки дар ояндаи наздик Тоҷикистон метавонад ҷои аввалро ишғол кунад", - итминон дод ӯ.
Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи ӯ, дар ҷумҳурӣ зиёда аз 8 кони ояндадор мавҷуд аст.
Ба иттилои манбаъ, бо истифода аз маблағҳои буҷавӣ давоми нисм сл аз рўи 27 лоиҳа ба маблағи 6 млну 105ҳ 569 сомонӣ дар объектҳои металлҳои сиёҳ, ранга, қиматбаҳо, нодир, сангҳои худҷило ва ороишӣ, гидрогеология ба роҳ монд.
Ҳамчунин корҳои шартномавӣ аз рўи 149 лоиҳа ба маблағи беш аз 11,1млн сомонӣ ва корҳои пудратӣ ба маблағи 85,3 ҳазор сомонӣ ба анҷом расонида шуд.