Хатлон аз Русия хост, геологҳои бештари тоҷикро омода созад

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкГоры в Таджикистане, архивное фото
Горы в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2023
Обуна шудан
Раиси вилояти Хатлон аз ректори Донишгоҳи давлатии тадқиқоти геологии ба номи Серго Орджоникидзеи Русия омодасозии бештари мутахассисон барои Тоыикистонро хост
ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Роҳбари Хатлон, Давлаталӣ Саид бо ректори Донишгоҳи давлатии тадқиқоти геологии ба номи Серго Орджоникидзеи Русия, Юрий Панов густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намудаст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, мақсади мулоқоти мазкур мусоидат дар омода кардани мутахассисони тахассусманди соҳаи геология дар вилоят мебошад.
Давлаталӣ Саид дар мулоқот бо Юрий Панов зимни таъкиди муҳимияти омода намудани кадрҳои соҳаи геологӣ, зикр намудаст, ки фоизи зиёди масоҳати Тоҷикистонро кӯҳҳо ташкил медиҳанд.
Будани мутахассисони касбӣ дар самти гузаронидани омӯзишу тадқиқотҳои илмӣ саропо нафъовар мебошад, таъкид намудаст ӯ.
"Маҳз донишгоҳи номбурда дар ин самт таҷрибаи пешқадам ва мутахассисони соҳавӣ дорад,ки дар омода намудани мутахассисони ҷавон мусоидат карда метавонад", - омадааст дар иттилоия.
Преподаватель проводит занятие по лингвокультурологии с группой иностранных студентов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.06.2023
Дар Русия мехоҳанд сатҳи забондонии фарзандони муҳоҷиронро беҳтар кунанд
Давлаталӣ Саид барои иштироки наврасону ҷавонон дар имтиҳоноти маҷозии донишгоҳи мазкур ва соҳиб шудани ҳарчи бештари бурсияҳои таҳсил аз минтақаҳои Бохтару Кӯлоб ба сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дастур дод.
Гуфта шуд,ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз тарафи раёсати маориф гурӯҳҳои корӣ бо хатмкунандагон ташкил карда, таҳсил дар ихтисосҳои ройгони донишгоҳи болозикрро шарҳ диҳанд ва ҷиҳати дохилшавӣ ба макотиби мазкур мусоидат намоянд.
Ҳукумати Хатлон зикр намудаст, ки барои таҳсили ҷавонон дар дохил ва хориҷи кишвар шароиту имконият фароҳам мебошад. Зикр гардидаст, ки садҳо нафар ҷавонони Тоҷикистон, аз ҷумла аз вилояти Хатлон дар давлатҳои хориҷ, бахусус Русия таҳсили илм мекунанд.
Онҳо хатм намуда, мутахассиси соҳибтахасус шуда, ба Ватан баргашта, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат саҳми худро мегузоранд, афзуд ҳукумати Хатлон.
Лентаи хабарҳо
0