Суғд нақшаи сохтмони корхонаҳои саноатиро барзиёд иҷро кард

© Flickr \ Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПромышленный цех по производству строительных материалов в Таджикистане
Промышленный цех по производству строительных материалов в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
Обуна шудан
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар шаш моҳи соли равон ба 12,1 млрд. сомонӣ расид, ки суръати афзоиш он ба ҳамин давраи соли гузашта 11,1% -ро ташкил дод
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Вилояти Суғди Тоҷикистон нақшаи солонаи худ вобаста ба сохтмони корхонаҳои нави саноатиро барзиёд иҷро кард.
То таҷлили 35-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар моҳи сентябр ба истифода додани 150 корхона ва коргоҳи нав пешбинӣ шуда буд, аммо дар шаш моҳ аллакай 162 корхона ба кор шурӯъ кардааст.
Дар натиҷа барои беш аз ҳазор нафар ҷои кор таъсис ёфтааст.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар нимсолаи якуми соли равон ба 12,1 млрд. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 11,1% таъмин гардид.
Государственный флаг Таджикистана в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2023
Нақшаи мақомот барои рушди саноат дар ВМКБ
Қаблан Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфта буд, ки дар зарфи 5 сол ҳаҷми тавлидоти саноатӣ дар ҷумҳурӣ бояд ду баробар афзоиш ёбад.
Инчунин дар соҳаҳои гуногуни саноат, ки дар онҳо азхудкунии як қатор конҳо ба кор бурда мешавад, ояндадор дониста шудаанд.
Илова бар ин, Шералӣ Кабир ба дурнамои бузурги соҳаи энергетикаи об ишора намуд.
Ба гуфтаи вай, дар ояндаи наздик тавлиди водороди “сабз” асоси рушди иқтисоди миллӣ мешавад, ки дар оянда “самараи бузург” хоҳад дошт.
Лентаи хабарҳо
0