Нақшаи мақомот барои рушди саноат дар ВМКБ

© © Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкГосударственный флаг Таджикистана в городе Хорог.
Государственный флаг Таджикистана в городе Хорог. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2023
Обуна шудан
Мақомоти Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон аз корҳои анҷомшуда барои рушди саноат дар минтақа ва нақшаҳояшон барои солҳои оянда гузориш доданд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Дар панҷ соли оянда бошад, дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон бунёди 92 корхонаи саноатӣ дар назар аст.
Дар ин бора нашрияи ҳукумати Тоҷикистон - "Ҷумҳурият" ба такя ба мақомоти иҷроияи вилоят хабар додаст.
Ба иттилои манбаъ, дар корхонаҳои навташкил наздики 1,4 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам хоҳанд шуд.
"Ин раванд ба фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ, ки аз вазифаҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад ва ба ғанӣ гардондани буҷети кишвар бештар мусоидат хоҳад кард", - омадааст дар матлаб.
Банковская карта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2023
Оғози корҳои фаҳмондадиҳӣ барои гузариш ба пардохтҳои ғайринақдӣ дар Тоҷикистон
Ҳукумати ВМКБ барои рушди соҳаи саноат бо назардошти дастрасӣ ба ашёи хоми ватанӣ дар мавзеи Теми Поёни шаҳри Хоруғ амалигардонии 5 лоиҳаи сохтмони корхонаҳои саноатии дорои иқтидори миёна ба роҳ мондаст.
Аз ҷумла корхонаи коркарди санги "Суман", ки ба маблағи 7,5 млн сомонӣ сохта шудааст, аз ҷумлаи ин лоиҳаҳо муаррифӣ гардиданд.
Ҳамчунин азнавсозии корхонаи "Помир Энерго Сервис", ки барои коркарди оҳану бетон пешбинӣ гардидааст, аллакай оғоз шуда, беш аз нисфи корҳо дар он анҷом ёфтааст.
Ба иттилои мақомоти ВМКБ, соли 2022 дар ҳудуди вилоят 30 корхона ва коргоҳи истеҳсолӣ бо таъмини беш аз 400 ҷойи нави корӣ сохта, ба истифода дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0