https://sputnik.tj/20230712/istifoda-raqam-qalbaki-tojikiston-ozodi-1058217776.html
Барои истифодаи рақамҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум хоҳанд кард
Барои истифодаи рақамҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум хоҳанд кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ташкил шудааст, ки тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳуриро таҳия хоҳад кард
2023-07-12T13:30+0500
2023-07-12T13:30+0500
2023-07-12T13:30+0500
дар тоҷикистон
сӯхтор
нақлиёт
рақам
вкд
қалбакӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102236/56/1022365605_0:87:2501:1493_1920x0_80_0_0_d128f792ebafc58098346f46fc6385b6.jpg
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон истифодаи рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ ҷиноят эълон хоҳад шуд ва барои ин аз озодӣ маҳрум хоҳанд кард. Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар робита ба ҳолатҳои истифода бурдани рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст. Ба иттилои манбаъ, ин гуруҳ тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро таҳия мекунад, ки тибқи он истифодаи рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ ҳамчун ҷиноят қабул хоҳад шуд. Тавзеҳ дода шуд, ки тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, ба соҳибияти каси дигар додан, таблиғи рақамҳои қалбакӣ, идораи мошин бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ ҷиноят ҳисобида мешавад. ВУД афзуд, ки барои ин кор ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, аз озодӣ маҳрум карда мешаванд."Риояи қонунҳои амалкунанда барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмӣ буда, кормандони милитсия вазифадоранд, ки дар доираи ваколатҳои мансабиашон ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз намоянд", - омадааст дар иттилоия. Ин таъкиди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран хабар дода шуд, гуруҳи муташаккили ҷиноии муттаҳам ба рабудани ноиби раиси "Ориёнбонк" дар Душанбе бо рақамҳои тақаллубӣ мегаштаанд.
https://sputnik.tj/20230712/sardori-bda-prezident-nihod-toza-1058215496.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102236/56/1022365605_117:0:2340:1667_1920x0_80_0_0_6cdd05ed0f5f91f93aded5efac306512.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
истифода, рақам, қалбакӣ, тоҷикистон, гуруҳ, корӣ
истифода, рақам, қалбакӣ, тоҷикистон, гуруҳ, корӣ
Барои истифодаи рақамҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум хоҳанд кард
Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ ташкил шудааст, ки тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии ҷумҳуриро таҳия хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 12 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон истифодаи рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ ҷиноят эълон хоҳад шуд ва барои ин аз озодӣ маҳрум хоҳанд кард.
Дар ин бора Вазорати умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки дар робита ба ҳолатҳои истифода бурдани рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст.
Ба иттилои манбаъ, ин гуруҳ тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Тоҷикистонро таҳия мекунад, ки тибқи он истифодаи рақамҳои қайди давлатии қалбакӣ ҳамчун ҷиноят қабул хоҳад шуд.
Тавзеҳ дода шуд, ки тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, ба соҳибияти каси дигар додан, таблиғи рақамҳои қалбакӣ, идораи мошин бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ ҷиноят ҳисобида мешавад.
ВУД афзуд, ки барои ин кор ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шуда, аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.
"Риояи қонунҳои амалкунанда барои ҳамаи шаҳрвандон ҳатмӣ буда, кормандони милитсия вазифадоранд, ки дар доираи ваколатҳои мансабиашон ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои шаҳрвандонро ҳифз намоянд", - омадааст дар иттилоия.
Ин таъкиди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ахиран хабар дода шуд, гуруҳи муташаккили ҷиноии муттаҳам ба рабудани ноиби раиси "Ориёнбонк" дар Душанбе бо рақамҳои тақаллубӣ мегаштаанд.