https://sputnik.tj/20230724/amriko-yagona-rohi-najoti-ukrainaro-guft-1058425808.html
Амрико ягона роҳи наҷоти Украинаро гуфт
Амрико ягона роҳи наҷоти Украинаро гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Нашрияи “Bloomberg” ахиран навишт, ки Украина барои бозсозиаш занҳоеро, ки ба хориҷ аз кишвар рафтаанд, бояд бозгардонанд
2023-07-24T19:20+0500
2023-07-24T19:20+0500
2023-07-25T20:01+0500
сиёсат
занон
бозгашт
украина
амрико
има
наҷот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/05/1049746587_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_e90da5607dab0faccebd93a11a9697b0.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июля — Sputnik. Украина, ки аҳолии коргари мардонаи худро аз даст медиҳад, ба заноне, ки кишварро тарк кардаанд, сахт ниёз дорад, менависад нашрияи “Bloomberg”. Ба гуфтаи муаллифи мақола, ба хотири набудани занҳо Украина даҳ дарсади ҳаҷми ММД-и солонаи пеш аз ҷангро аз даст медиҳад."Ин бештар аз 20 миллиард доллар дар як сол аст", - гуфт ӯ. Нашрияи “Bloomberg” дар истинод ба маълумоти Вазорати иқтисоди Украина менависад, ки 4,5 миллион коргар барои барқарорсозии кишвар кофӣ нест. Дар баробари ин, оворагон ба хонаҳояшон шитоб надоранд. Масалан, яке аз онҳо гуфт, ки дар Полша зиндагии хуб дорад."Дар Украина вай ҳамчун мудири дафтар кори дилгиркунанда дошт. Аммо дар Лаҳистон, ба гуфтаи вай, ӯ худро пайдо намудааст. Вай барои рафтан ба хона шитоб намекунад", - омадааст дар мақола. Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ, паноҳандагони украинӣ ба шароити нав мутобиқ шуданро мушкил медонанд. Чуноне, ки нашрияи “The New York Times” навиштааст, ки ҳатто мутахассисони баландихтисос дар Бритониё кор пайдо карда наметавонанд ва маҷбур мешаванд, ки ба Украина баргарданд.
https://sputnik.tj/20230722/maqomoti-itoliyo-iqror-ghallai-ukraina-kishvarhoi-afriqo-1058388783.html
украина
амрико
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/05/1049746587_91:0:2820:2047_1920x0_80_0_0_523285a7cd4d1a01173fd10f61506d9b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
амрико, роҳи ягонаи наҷот,, украина, оворагон, паноҳандагон, занон, хориҷ
амрико, роҳи ягонаи наҷот,, украина, оворагон, паноҳандагон, занон, хориҷ
Амрико ягона роҳи наҷоти Украинаро гуфт
19:20 24.07.2023 (Навсозишуда: 20:01 25.07.2023) Нашрияи “Bloomberg” ахиран навишт, ки Украина барои бозсозиаш занҳоеро, ки ба хориҷ аз кишвар рафтаанд, бояд бозгардонанд
ДУШАНБЕ, 24 июля — Sputnik. Украина, ки аҳолии коргари мардонаи худро аз даст медиҳад, ба заноне, ки кишварро тарк кардаанд, сахт ниёз дорад, менависад нашрияи “Bloomberg”.
Ба гуфтаи муаллифи мақола, ба хотири набудани занҳо Украина даҳ дарсади ҳаҷми ММД-и солонаи пеш аз ҷангро аз даст медиҳад.
"Ин бештар аз 20 миллиард доллар дар як сол аст", - гуфт ӯ.
Нашрияи “Bloomberg” дар истинод ба маълумоти Вазорати иқтисоди Украина менависад, ки 4,5 миллион коргар барои барқарорсозии кишвар кофӣ нест.
Дар баробари ин, оворагон ба хонаҳояшон шитоб надоранд. Масалан, яке аз онҳо гуфт, ки дар Полша зиндагии хуб дорад.
"Дар Украина вай ҳамчун мудири дафтар кори дилгиркунанда дошт. Аммо дар Лаҳистон, ба гуфтаи вай, ӯ худро пайдо намудааст. Вай барои рафтан ба хона шитоб намекунад", - омадааст дар мақола.
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи расонаҳои хориҷӣ, паноҳандагони украинӣ ба шароити нав мутобиқ шуданро мушкил медонанд. Чуноне, ки нашрияи “The New York Times” навиштааст, ки ҳатто мутахассисони баландихтисос дар Бритониё кор пайдо карда наметавонанд ва маҷбур мешаванд, ки ба Украина баргарданд.