https://sputnik.tj/20230722/maqomoti-itoliyo-iqror-ghallai-ukraina-kishvarhoi-afriqo-1058388783.html
Мақомоти Итолиё иқрор шуд, ки 95% ғаллаи Украина ба кишварҳои Африқо намерафт
Мақомоти Итолиё иқрор шуд, ки 95% ғаллаи Украина ба кишварҳои Африқо намерафт
Sputnik Тоҷикистон
Набудани ғалла дар бозорҳои ба қитъаи Африқо таъсири манфӣ мерасонад, илова бар ин, ба гуфтаи Италия, боиси болоравии нархҳо мешавад
2023-07-22T09:25+0500
2023-07-22T09:25+0500
2023-07-22T09:25+0500
дар ҷаҳон
ғалла
русия
украина
итолиё
болоравии нарх
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056662595_0:166:3053:1883_1920x0_80_0_0_0edf9d996495fa9da5cce8923d5c2eab.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Тақрибан 95% ғаллаи Украина ба Африқо интиқол намеёфт.Дар ин бора Гвидо Кросетто, вазири дифои Итолиё дар мусоҳиба бо рӯзномаи “la Stampa” изҳор дошт.Ба гуфтаи вай, набудани он дар бозорҳо ба қитъаи Африқо таъсири манфӣ мерасонад, илова бар ин, боиси болоравии нархҳо мешавад."Ҳама чиз бо ҳам алоқаманд аст ва ин, албатта, як унсури нигаронӣ аст. 95% ғаллаи Украина ба хориҷ аз Африқо содир мешавад, аммо вақте ин кишварҳо ғалла надоранд, ба ҷустуҷӯи он ба ҷои дигар мераванд, ки ҳатман боиси болоравии нархи ҷаҳонӣ мешавад", - гуфт ӯ.Вай афзуд, ки дар натиҷаи ин амалҳо хариди ғалла барои Африқо торафт душвортар мешавад.Ба гуфтаи визири дифои Итолиё, ноором шудани ин минтақаҳое, ки бе ин ҳам мушкилоти зиёд доранд, бидуни шак ба Аврупо низ таъсири манфӣ мерасонад.Тибқи маълумоти СММ, гирандаи асосии маҳсулоти кишоварзии Украина дар доираи созишномаи ғалла кишварҳои Иттиҳоди Аврупо буданд, ки 38% тамоми интиқолро ташкил медоданж.Ёдовар мешавем, ки созишномаи ғалла, ки 22 июли соли 2022 аз ҷониби намояндагони Русия, Туркия, Украина ва СММ ба имзо расида буд, содироти ғалла, ғизо ва нириҳои украинӣ аз тариқи Баҳри Сиёҳ аз се бандар, аз ҷумла Одессаро дар назар дошт.Сухангӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков рӯзи 17 июл дар бораи қатъи долони ғалла хабар дод. Ба гуфтаи вай, Маскав омода аст, имкони бозгашт ба созишро дар сурати риояи талаботҳои Русияи баррасӣ намояд.
https://sputnik.tj/20230614/duma-rusiya-format-sozishnoma-ghalla-kuhna-1057705243.html
русия
украина
итолиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/19/1056662595_162:0:2893:2048_1920x0_80_0_0_3181a89b6382f1e8dadb5d40490488ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, ғалла, русия, африқо, италия, интиқол, болоравии нарх, кишоварзӣ
украина, ғалла, русия, африқо, италия, интиқол, болоравии нарх, кишоварзӣ
Мақомоти Итолиё иқрор шуд, ки 95% ғаллаи Украина ба кишварҳои Африқо намерафт
Набудани ғалла дар бозорҳои ба қитъаи Африқо таъсири манфӣ мерасонад, илова бар ин, ба гуфтаи Италия, боиси болоравии нархҳо мешавад
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Тақрибан 95% ғаллаи Украина ба Африқо интиқол намеёфт.
Дар ин бора Гвидо Кросетто, вазири дифои Итолиё дар мусоҳиба бо рӯзномаи “la Stampa” изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, набудани он дар бозорҳо ба қитъаи Африқо таъсири манфӣ мерасонад, илова бар ин, боиси болоравии нархҳо мешавад.
"Ҳама чиз бо ҳам алоқаманд аст ва ин, албатта, як унсури нигаронӣ аст. 95% ғаллаи Украина ба хориҷ аз Африқо содир мешавад, аммо вақте ин кишварҳо ғалла надоранд, ба ҷустуҷӯи он ба ҷои дигар мераванд, ки ҳатман боиси болоравии нархи ҷаҳонӣ мешавад", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки дар натиҷаи ин амалҳо хариди ғалла барои Африқо торафт душвортар мешавад.
Ба гуфтаи визири дифои Итолиё, ноором шудани ин минтақаҳое, ки бе ин ҳам мушкилоти зиёд доранд, бидуни шак ба Аврупо низ таъсири манфӣ мерасонад.
Тибқи маълумоти СММ, гирандаи асосии маҳсулоти кишоварзии Украина дар доираи созишномаи ғалла кишварҳои Иттиҳоди Аврупо буданд, ки 38% тамоми интиқолро ташкил медоданж.
Ёдовар мешавем, ки созишномаи ғалла, ки 22 июли соли 2022 аз ҷониби намояндагони Русия, Туркия, Украина ва СММ ба имзо расида буд, содироти ғалла, ғизо ва нириҳои украинӣ аз тариқи Баҳри Сиёҳ аз се бандар, аз ҷумла Одессаро дар назар дошт.
Сухангӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков рӯзи 17 июл дар бораи қатъи долони ғалла хабар дод. Ба гуфтаи вай, Маскав омода аст, имкони бозгашт ба созишро дар сурати риояи талаботҳои Русияи баррасӣ намояд.