https://sputnik.tj/20230721/loihai-taghyirot-davat-artish-rusiya-1058380659.html
Лоиҳаи тағйирот ба синни даъват ба артиш дар Русия
Лоиҳаи тағйирот ба синни даъват ба артиш дар Русия
Sputnik Тоҷикистон
Роҳбари Кумитаи дифои Думаи давлатии Русия тағйироту иловаҳо ба қонун дар бораи боло бурдани синни даъват ба хизмати ҳарбиро тавзеҳ дод
2023-07-21T13:01+0500
2023-07-21T13:01+0500
2023-07-21T13:05+0500
амният ва мудофиа
дар русия
даъват
хизмат
вакил
сол
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046155359_0:37:3153:1811_1920x0_80_0_0_ac6567eba271fa29b31b6017a428d7df.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар тарҳи қонун дар бораи боло бурдани синни даъват фосилаи синнусолӣ аз 18 то 30 муайян шудааст. Дар ин бора раиси Кумитаи дифоъи Думаи давлатӣ, Андрей Картаполов, зимни суҳбат бо хабарнигорон иттилоъ дод. Вай тавзеҳ дод, ки тағйирот ба тарҳи қонун ба хониши дуюми он аллакай пешниҳод гардид. "Асосӣ ин аст, ки ҳадди болоӣ 30 сол аст, маҳдудияти поёнӣ тасмим гирифта шуд, ки 18 сол боқӣ монад, зеро бисёре аз бачаҳо мехоҳанд дар синни 18-солагӣ ба хидмат бираванд", - гуфт ӯ. Дар хониши аввал ин тарҳи қонун бо ҳадди поёнии синни даъват дар сатҳи 21 сол қабул шуда буд. Ба гуфтаи вакил, меъёрҳои нав ба даъвати тирамоҳии соли равон ба артиш дахл надоранд. Муаллифони лоиҳаи қонун санаи эътибор пайдо кардани онро аз 1 январи соли 2024 пешниҳод кардаанд.Ҷаласаи охирини пленарии Думаи давлатӣ дар чаҳорчӯби иҷлосияи баҳорӣ рӯзи 26 июл дар назар аст.Маврид ба зикр аст, ки қаблан пешниҳоди боло бурдани синни ҳадди ақали даъват аз 18 ба 21 ва ҳадди аксар аз 27 ба 30 расонаӣ шуда буд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуда буд, ки иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия то ба 1,5 млн нафар ва хизматчиёни ҳарбии шартномавӣ ба 695 ҳазор нафар расонида шавад.
https://sputnik.tj/20230721/omodagi-davat-tiramohii-navaskaron-tojikiston-1058379784.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/16/1046155359_422:0:3153:2048_1920x0_80_0_0_3bc804003382b71f034d6bd8de0d923a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
син, даъват, русия, артиш, қувва, мусаллаҳ
син, даъват, русия, артиш, қувва, мусаллаҳ
Лоиҳаи тағйирот ба синни даъват ба артиш дар Русия
13:01 21.07.2023 (Навсозишуда: 13:05 21.07.2023) Роҳбари Кумитаи дифои Думаи давлатии Русия тағйироту иловаҳо ба қонун дар бораи боло бурдани синни даъват ба хизмати ҳарбиро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар тарҳи қонун дар бораи боло бурдани синни даъват фосилаи синнусолӣ аз 18 то 30 муайян шудааст.
Дар ин бора раиси Кумитаи дифоъи Думаи давлатӣ, Андрей Картаполов, зимни суҳбат бо хабарнигорон иттилоъ дод.
Вай тавзеҳ дод, ки тағйирот ба тарҳи қонун ба хониши дуюми он аллакай пешниҳод гардид.
"Асосӣ ин аст, ки ҳадди болоӣ 30 сол аст, маҳдудияти поёнӣ тасмим гирифта шуд, ки 18 сол боқӣ монад, зеро бисёре аз бачаҳо мехоҳанд дар синни 18-солагӣ ба хидмат бираванд", - гуфт ӯ.
Дар хониши аввал ин тарҳи қонун бо ҳадди поёнии синни даъват дар сатҳи 21 сол қабул шуда буд.
Ба гуфтаи вакил, меъёрҳои нав ба даъвати тирамоҳии соли равон ба артиш дахл надоранд.
Муаллифони лоиҳаи қонун санаи эътибор пайдо кардани онро аз 1 январи соли 2024 пешниҳод кардаанд.
Ҷаласаи охирини пленарии Думаи давлатӣ дар чаҳорчӯби иҷлосияи баҳорӣ рӯзи 26 июл дар назар аст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан пешниҳоди боло бурдани синни ҳадди ақали даъват аз 18 ба 21 ва ҳадди аксар аз 27 ба 30 расонаӣ шуда буд.
Ҳамчунин иттилоъ дода шуда буд, ки иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия то ба 1,5 млн нафар ва хизматчиёни ҳарбии шартномавӣ ба 695 ҳазор нафар расонида шавад.