Аз рӯйхат то муоинаи пешакӣ: Оғози омодагӣ ба даъвати тирамоҳии наваскарон дар ВМКБ

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанТаджикские военные на параде
Таджикские военные на параде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2023
Обуна шудан
Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ки одатан нақшаи даъвати наваскаронро ба сафи қувваҳои мусаллаҳ дар рӯзҳои аввал иҷро мекунад, омодагиро оғоз намудаст
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Ҷаласа барои баррасии омодагӣ барои даъвати тирамоҳии наваскарон дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ баргузор гардид.
Ба иттилои мақомоти Шуғнон, дар ҷаласа роҳбарияти ноҳия масъулинро барои омодагӣ ба даъвати тирамоҳии ҷавонони соли таваллудашон 1996-2005 вазифадор намуд.
"Раисони ҷамоатҳои деҳот, комиссариати ҳарбии ноҳия супориш гирифтанд, ки омӯзиши шаҳрвандони синни даъватиро дар ҳудуди ноҳия ба роҳ монанд", - омадааст дар иттилоия.
Аз ҷумла дастур дода шудааст, ки шумораи дақиқи даъватшавандагонро, ки бояд дар давраи навбатии соли 2023 ба хизмати ҳарбӣ ҷалб гарданд, мушаххас шаванд.
Раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилот, корхонаҳо, муассисаҳо, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, новобаста аз шакли моликият уҳдадор гардиданд, ки рӯйхати шаҳрвандони синни даъватиро ба комиссариати ҳарбии ноҳия пешниҳод намоянд.
Министр обороны РТ Шерали Мирзо на полигоне Фахрабад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2023
Хидматгурезҳоро дар Тоҷикистон рӯйхат мекунанд: ҳушдори Вазорати мудофиа
Ҳамчунин дастур гирифтаанд, ки дар асоси даъватномаи комиссариати ҳарбӣ шаҳрвандони синну соли даъватиро хабардор намоянд.
Муроҷиати шаҳрвандони синни даъватӣ ҷиҳати аз қайди ҷои истиқомат баромадан, мондан, гирифтани маълумотномаҳо ва маълумоти оиладорӣ дар сурати мавҷуд будани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи комиссариати ҳарбӣ барои дар қайди ибтидоии ҳарбӣ будан мавриди баррасӣ қарор дода мешавад, омадааст дар иттилоия.
Зарур дониста шудааст, аз ҳисоби даъватшавандагоне, ки бояд дар давраи даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ раванд, то 1 октябр муоинаи пешакии тиббӣ гузаронида шаванд.
Лентаи хабарҳо
0