Коҳиши рекордии қарзи хориҷии Русия

© Sputnik / Роман Галкин / Гузариш ба медиабонкРабота инвестиционной компании, архивное фото
Работа инвестиционной компании, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.07.2023
Обуна шудан
Ҳаҷми қарзи хориҷии Русия дар муқоиса бо маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба сатҳи поинтарин дар таърихи даҳсолаҳои охир расидааст
ДУШАНБЕ, 21 июл – Sputnik. Сатҳи қарзи хориҷии Русия нисбат ба ММД дар семоҳаи аввал ба сатҳи 15% расид, иттилоъ дод РИА "Новости" бо такя ба додаҳои Бонки марказӣ.
Бар асоси ҳисоби Бонки марказӣ, нишондоди мазкур пасттарин таърихи кишвар мебошад.
Тибқи ҳисобҳои ин ниҳод, ки моҳи май нашр шуд, ҳаҷми қарзи ғайрирезидентҳо нисбат ба ММД дар охири соли гузашта 16,6%-ро ташкил додааст, ки дар он замон камтарин натиҷа ҳадди ақал аз соли 1993 ба ин сӯ буд.
Аммо аллакай дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ин нишондиҳанда коҳишро идома дода, то 15,45% коҳиш ёфт.
Кто поможет Таджикистану обслужить внешний долг в 2023 году - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.02.2023
Дар соли 2023 ба Тоҷикистон барои пардохти қарзи хориҷӣ кӣ кумак хоҳад кард
Қарзи хориҷии кишвар, чи давлатӣ ва чи корпоративӣ, бо ифодаи пулӣ дар охири моҳи марти соли 2023 наздики 355 млрд доллар ё тақрибан 27,3 трлн рублро ташкил дод.
Сатҳи баландтарини қарзи хориҷӣ ба таносуби ММД дар таърихи муосири Русия дар соли 1999 мушоҳида шуда буд, ки он ба 91% расид.
Ҳафтаи гузашта Бонки марказӣ хабар дод, ки қарзи хориҷии Русия то 1 июл наздики 348 млрд долларро ташкил додааст, ки нисбат ба аввали сол 33 млрд доллар ё 8,7% кам шудааст.
Ҳамин тариқ, сатҳи кунунии қарз аз поёни соли 2006 ба сатҳи пасттарин табдил ёфт.
Барои нахустин бор дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба 355 млрд доллар аз соли 2006 то поинтарин сатҳ поин рафт.
Лентаи хабарҳо
0