https://sputnik.tj/20230207/tojikiston-pardokht-qarz-khoriji-kumak-1054761506.html
Дар соли 2023 ба Тоҷикистон барои пардохти қарзи хориҷӣ кӣ кумак хоҳад кард
Дар соли 2023 ба Тоҷикистон барои пардохти қарзи хориҷӣ кӣ кумак хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Бо вуҷуди пардохти қариб 1 млрд доллари амрикоӣ қарзи хориҷии Тоҷикистон дар 3 соли оянда, интизор меравад, ки ҳаҷми он аз ҳадди 4 млрд доллар кам нахоҳад шуд
2023-02-07T21:25+0500
2023-02-07T21:25+0500
2023-02-07T21:25+0500
тасвирбаён
иқтисод
молия
қарзҳо
хориҷӣ
пардохт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/07/1054749961_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_fc6ac8c24db3e9f25d9d9d2aaade8016.png
Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 афзоиш ёфта, интизор меравад, ки ба ҳолати охири сол аз ҳадди 4 млрд доллари амрикоӣ бештар шавад.Бар асоси барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025, ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар ба ҳолати 1 январи соли 2023 ҳудуди 3,96 млрд доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Тавзеҳ дода шудаст, ки ин муодили 41,6%-и ММД хоҳад буд.Танҳо бо пули буҷа рушд намешавад: Вазири молия дар бораи зарурати қарзгирӣТибқи барномаи қарзгирӣ, ки ҳукумату парлумон тасдиқ кардаанд, интизор меравад, ки давоми соли оянда қарзи хориҷӣ афзоиш ёфта, аллакай дар оғози январи соли 2024 ҳудуди 4,1 млрд доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда баробари 40,9%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ хоҳад буд.Ин дар ҳолест, ки бар асоси буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025 барои хизматрасонии қарзи берунаи Тоҷикистон дар 3 соли оянда зиёда аз 991 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.Ҳар шаҳрванди Тоҷикистон 325 доллар қарздор астАз ҷумла соли 2023 барои пардохти қарзҳои хориҷӣ наздики 254 млн доллар пешбинӣ гардида, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 284 млн доллар ва соли 2025 дар ҳаҷми қариб 454 млн доллар муқаррар гардидаст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/07/1054749961_160:0:1120:720_1920x0_80_0_0_68c9a57ec2b1afb0edfbe4809a19697b.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, пардохт, қарз, кумак, пардохт, қарзи хориҷӣ, иқтисод, молия, тасвирбаён
тоҷикистон, пардохт, қарз, кумак, пардохт, қарзи хориҷӣ, иқтисод, молия, тасвирбаён
Дар соли 2023 ба Тоҷикистон барои пардохти қарзи хориҷӣ кӣ кумак хоҳад кард
Бо вуҷуди пардохти қариб 1 млрд доллари амрикоӣ қарзи хориҷии Тоҷикистон дар 3 соли оянда, интизор меравад, ки ҳаҷми он аз ҳадди 4 млрд доллар кам нахоҳад шуд
Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон дар соли 2023 афзоиш ёфта, интизор меравад, ки ба ҳолати охири сол аз ҳадди 4 млрд доллари амрикоӣ бештар шавад.
Бар асоси барномаи қарзгирии берунаи давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025, ҳаҷми қарзи хориҷии кишвар ба ҳолати 1 январи соли 2023 ҳудуди 3,96 млрд доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Тавзеҳ дода шудаст, ки ин муодили 41,6%-и ММД хоҳад буд.
Тибқи барномаи қарзгирӣ, ки ҳукумату парлумон тасдиқ кардаанд, интизор меравад, ки давоми соли оянда қарзи хориҷӣ афзоиш ёфта, аллакай дар оғози январи соли 2024 ҳудуди 4,1 млрд доллари амрикоиро ташкил хоҳад дод. Таъкид шудааст, ки ин нишондиҳанда баробари 40,9%-и маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2023 ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2024-2025 барои хизматрасонии қарзи берунаи Тоҷикистон дар 3 соли оянда зиёда аз 991 млн доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Аз ҷумла соли 2023 барои пардохти қарзҳои хориҷӣ наздики 254 млн доллар пешбинӣ гардида, ин нишондиҳанда дар соли 2024 ба 284 млн доллар ва соли 2025 дар ҳаҷми қариб 454 млн доллар муқаррар гардидаст.