Амалиёти вижаи низомӣ: Артиши Русия дар се самт ҳуҷум дорад

© Sputnik / Alexey Maishev / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащий артиллерийского расчета РСЗО "Ураган" вооруженных сил РФ работает по позициям ВСУ в южном секторе СВО
Военнослужащий артиллерийского расчета РСЗО Ураган вооруженных сил РФ работает по позициям ВСУ в южном секторе СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Обуна шудан
Гурӯҳҳои низомиёни Русия дар минтақаи алиёти вижаи низомӣ ба таври мураттаб ва самаранок артиши украиниро якҷоя бо аслиҳаи натогиаш бехтан доранд
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Аён аст, ки ҳамлаи ҷавобии қувваҳои мусаллаҳи Украина дар таноби ярдак аст ва ба таври барнагарданда ба ақибнишинӣ табдил ёфта истодааст.
ИМА ва НАТО бо изтироб наздикшавии фалокати “лоиҳаи украинӣ” ва “тартиботи ҷаҳонӣ дар асоси қоидаҳо”-ро мушоҳида дорад.
Ҳамлаи ҷавобии артиши украинӣ, бешубҳа, ноком шудааст. Артиши русиягӣ дар ноҳияҳои Купянский, Лиманский ва Северский ба пеш ҳаракат дорад, дар Приднепровйе ва Причерноморйе зарбаҳои омехта зада истодааст – шабонарӯзи дуюм аст, ки “ҳамлаи қатъӣ”-и мушакӣ ба Одесса идома дорад.
Захираҳои украинӣ обшавӣ доранд – аз 12 “бригадаи рахназан” шаш ададаш боқӣ мондааст. Боз нисфи ҳайати танкӣ ҳаст, ҳамзамон – "амалиёти маърифатии" раёсати ҷосусии Украина (яъне, ки амалҳои террористӣ) ва чашмаяки хурди аслиҳаи натогӣ, ки дар минтақаи амалиёти вижа ба вазъият таъсиррасон буда наметавонад.
Боец батальона Ахмат в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия талафоти артиши Украина дар ду хати ҷабҳаро эълон кард
Тибқи маълумоти фармондеҳии артиши Украина, дар наздикии Куприянск дар вилояти Харков барои ҳуҷумкунӣ қӯшунҳои садҳазорнафараи артиши русиягӣ омодаанд – бо шумули қисмҳои хосаи қӯшунҳои ҳавоӣ-десантӣ, зиёда аз 900 танк, 555 маҷмааҳои артиллерӣ, 370 адад маҷмааҳои мушакии оташи силсилавӣ ва авиатсияи ҳарбӣ.
Аз ҷониби дигар, дар наздикии Красний Лиман ар артиши Украина вазъияти таъҷилӣ номусоид сурат гирифта истодааст. Ин ҷо, аз рӯи маълумоти тарафи украинӣ, наздик 60 ҳазор низомиёни русиягӣ қарор доранд - бо дарбаргирии бригадаи мушакандозон бо “Искандар”-ҳо ва қисмҳои калони артиллериячиён. Шояд, тарс чашмони калон дорад, аммо аз рӯи ҳамин рақамҳо Ғарб корбарӣ дорад.
Сарфармондеҳи қӯшунҳои хушкигарди Украина Александр Сирский гузориш медиҳад, ки қисмҳои низомии русиягӣ кӯшиши “торумори ҷангиёни мо дар ноҳияи Купянскийро доранд ва ҳамларо ба умқи сохторҳои ҷангии мо идома доданианд”. Вазорати дифои Русия ҳаракати гурӯҳҳои ҳарбии “Ғарбӣ”-ро ба 1,5 км ба умқи мудофиаи душман тасдиқ намуд.
Дар Вашингтон дигар ба қобилияти қувваҳои мусаллаҳи Украина дар мавриди зарба задан ба хати мудофиаи артиши Русия бовар надоранд. Фақат дар ду ҳафтаи аввали “ҳуҷуми ҷавобӣ” артиши Украина 20%-и теъхникаи зиреҳпӯши давлатҳои аъзои НАТО интиқолдодаро талаф дод.
Илон Маск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2023
Ин дурӯягист: вокуниши Маск ба интиқоли бомбҳои хӯшагӣ ба Украина
Хоҷагони ғарбии режими киевӣ дигар дар бораи “шикасти Русия дар майдони ҷанг” муҳокима намеронанд, балки бо асабоният захираҳои (гулӯлаҳои) боқимондаро шуморидан доранд, ва дар мавриди мавҷудияти Украина “хатари зинда мондан”- ро эътироф доранд. Ва аз “фурӯпошӣ”-и фронти Украина – аз партоби осемасари қувваҳои мусаллаҳи Русия ба сарҳади Лаҳистон – тарс доранд.

Дар роҳ ба Русия: Харков, Николаев, Одесса

“Искандар”-ҳои русиягӣ 16 июл дар шаҳри Харков қатораҳои ҳомили техникаи ғарбиро нобуд сохтанд – танкҳои Leopard, БМП Bradley, БТР М113 ва бисёри дигар амволи артиши Украинаро бо арзиши садҳо миллион доллар нобуд сохтанд.
Мутахассисони натогӣ оид ба Leopard, БМП Bradley, БТР М113 ба таври кироӣ ҳаққи худро гирифтанд – на ба ҳама муясар гардид, ки аз он ҷо зинда бароянду савори боркашони “Боинг” дар шароити бениҳоят аҷиб ба Жешуви Лаҳистон кӯчонида шаванд.
Зерсохторҳои артиши русиягӣ чанд ҳафта аст, ки дар самтҳои Краснолиманский ва Купянский ҷангҳои ҳуҷумкунанда доранд ва ин амалҳо аз рӯи миқёс ва мазмун бештар амалиёти озодкунии Харковро ба хотир меоранд.
Зарбаҳои омехтаи қувваҳои мусаллаҳи Русия ба иншоотҳои артиши Украина дар Одесса ва Николаево таъғирнопазирии ҳадаф ва вазифаҳои стратегии амалиёти вижаи низомиро ба хотиррасон менамоянд. Баромадани Русия аз ”созишномаи ғалла” ба нерӯҳои баҳрии Баҳри сиёҳ таъҷилияти озодро илова намуд.
Самый большой флаг Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2023
Дар Қрим гуфтанд, ки Украина ба сӯи нестшавӣ меравад
Ва дар зарфияти наздик баргардонидани ин се шаҳрҳои (минтақаҳои) аз ибтидо сирф русӣ ба Русия – ба пуррагӣ ҷавобгӯи манфиатҳои амнияти миллии Русия аст. Ин сарҳадҳоро тавассути ягон шартномаи сулҳ бо ИМА ва дигар кишварҳои аъзои НАТО, ки аён аст, ки ба гуфтушунид қодир нестанд (дар бораи обрӯи лӯхтакҳои киевӣ ҳоҷати гап ҳам нест), ҷуброн кардан номумкин аст.
Дар ҳамин ҳол, Вашингтон ният дорад ҷанги бо дасти дигарон бо Маскав бурдаистодаашро давом диҳад, иттифоқчиёни аврупоии ИМА ба зарурияти "фишор овардан ба Русия" бовар доранд.
Албатта, "мубориза то охирин украинӣ” – ин “сармоягузории беҳтарини ИМА мебошад". Дар Пентагон чунин меҳисобанд, ки артиши украинӣ ҳама чизи заруриро барои “ҳуҷуми муваффақиятнок” дорад. Фақат ҳаминаш мемонад, ки стратегияи дурустро ёбанд – то он даме, ки яроқҳои ғарбӣ ва ҳам захираҳои сафарбарӣ ба охир мерасанд.
Тибқи маълумоти хадамоти ҷосусии исроилии “Моссад”, дар моҳи январи соли 2023 талафоти қувваҳои мусаллаҳи Украина: куштагон - 157 ҳазор, ярадорон – 234 ҳазор, асирафтодагон – зиёда аз 17 ҳазор аскару афсаронро ташкил дод. Пас аз ним сол – баъд аз озодкунии Артёмовск ва 40 рӯзи “ҳамлаи ҷавобӣ”- ин рақамҳоро ба ду зарб задан мумкин аст. Ба тариқи ихтиёрӣ фақат камтар аз 20%-и ӯҳдадориҳои ҳарбӣ доштагон омодаанд хизмат кунанд.
Аз рӯихати яроқҳои “мӯъҷизанок”-и амрикоӣ ба артиши Украина фақат танкҳои Abrams, мушакҳои таҷиливу тактикии ATACMS ва тайёраҳои қиркунандаи F-16 интиқол дода нашудаанду халос.
Села на освобожденной территории в Донецкой области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Намояндаи Русия дар Вена гуфт, ки ИМА дар Украина мағлуб мешавад
Сардори кумитаи роҳбарони ситодҳои артиши ИМА Марк Милли рӯзи гузашта иқрор шуд, ки барои паритет ё худ муносибатҳои баробарвазн дар мавриди тайёраҳои қиркунанда байни артиши Украина ва қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Русия солҳои зиёд ва садҳо миллиард доллар маблағ лозиманд. Эҳтимолияти ба Киев додани “шоҳинҳои ҷангӣ”-и амрикоии F-16 (Fighting Falcon) ва “Абрамс”-ҳо торафт кам мегардад, аммо мушакҳои ATACMS бошанд ба Пентагон ба қарибӣ барои Тайван лозим шуданашон мумкин аст.
"Лоиҳаи украинӣ"-и ИМА ба таври назаррас дар таназзул аст, ҳарчанд бо таҳдиди “тӯфони хунин” дар самти Запорожск ва бо ҳамлаҳои бесарнишин ба кӯруки Қрим дандон гиз мекунад. Яроқу аслиҳа ва захираҳои ҷангии артиши Русия пуртаъсир афзудан дорад. Ҷараёни таърихи Русия аз Вашингтон ва балегӯёни он вобастагӣ надорад.
Ғайр аз ин, дар Русия “Лантсет”-и насли нав пайдо шуд.
Лентаи хабарҳо
0