https://sputnik.tj/20230711/namoyanda-rusiya-vena-ima-ukraina-maghlub-1058190323.html
Намояндаи Русия дар Вена гуфт, ки ИМА дар Украина мағлуб мешавад
Намояндаи Русия дар Вена гуфт, ки ИМА дар Украина мағлуб мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи намояндаи Русия, миёни аврупоиҳо фаҳмише дар ҳоли авзоиш аст, ки пирӯзии Киев имконнопазир ва онҳо қудрати артиши Русияро эътироф имекунанд
2023-07-11T10:23+0500
2023-07-11T10:23+0500
2023-07-11T18:45+0500
русия
иттиҳоди аврупо
нато
дар ҷаҳон
има
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048687108_0:133:3169:1916_1920x0_80_0_0_a5becca5b5bdc232bb978d037b37974e.jpg
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. ИМА ва НАТО дар Украина мағлуб мешаванд, гуфт Константин Гаврилов, раҳбари ҳайати Русия дар музокироти амнияти низомӣ ва назорати аслиҳа дар Вена дар мусоҳиба бо РИА "Новости". "Ҳам ИМА ва ҳам НАТО мефаҳманд, ки вақт ба фоидаи онҳо кор намекунад. Онҳо дар Украина мағлуб мешаванд", - гуфт Гаврилов. Ҳамсӯҳбати оҷонсӣ тавзеҳ дод, ки "дар як моҳи амалиёти ҷавобӣ нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҳеҷ як самт муваффақ нашуданд, ҳатто натавонистанд хатти аввали дифоъи сохтаи нерӯҳои Русияро рахна кунанд".Ӯ афзуд, ки миёни аврупоиҳо фаҳмише дар ҳоли афзоиш аст, ки пирӯзии Киев имконнопазир аст. Ба гуфтаи вай, вазъи кишварҳои аъзои НАТО дар ҳоли хароб қарор дорад, зеро комплекси ҳарбии саноатии онҳо бадтар мешавад."Онҳо аллакай ба Украина тамоми захираҳои Stinger ва Javelin MANPADS-ро расонидаанд, анборҳо холӣ ҳастанд, аммо барои пур кардани онҳо солҳои тӯлонӣ лозим аст. Истеҳсоли хумпораҳо ба артиши коҳишёбандаи аврупоӣ мувофиқат намекунад", - шарҳ дод дипломат. Маскав борҳо ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор додааст, ки интиқоли силоҳ ба Украина чизеро тағйир намедиҳад ва танҳо муноқишаро тамдид мекунад. Тавре вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров таъкид кард, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар ин рӯёрӯӣ на танҳо бо таъмини силоҳ, балки бо омӯзиши кадрҳо бевосита даст доранд.
https://sputnik.tj/20230701/faqat-tijorat-ima-zaifii-yaroqi-mujizanok-1058016021.html
русия
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/05/18/1048687108_219:0:2950:2048_1920x0_80_0_0_75f49c2c85b523805688ed8f64ad91a7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия вена има украина мағлуб
русия вена има украина мағлуб
Намояндаи Русия дар Вена гуфт, ки ИМА дар Украина мағлуб мешавад
10:23 11.07.2023 (Навсозишуда: 18:45 11.07.2023) Ба гуфтаи намояндаи Русия, миёни аврупоиҳо фаҳмише дар ҳоли афзоиш аст, ки пирӯзии Киев имконнопазир ва онҳо қудрати артиши Русияро эътироф мекунанд
ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. ИМА ва НАТО дар Украина мағлуб мешаванд, гуфт Константин Гаврилов, раҳбари ҳайати Русия дар музокироти амнияти низомӣ ва назорати аслиҳа дар Вена дар мусоҳиба бо РИА "Новости".
"Ҳам ИМА ва ҳам НАТО мефаҳманд, ки вақт ба фоидаи онҳо кор намекунад. Онҳо дар Украина мағлуб мешаванд", - гуфт Гаврилов.
Ҳамсӯҳбати оҷонсӣ тавзеҳ дод, ки "дар як моҳи амалиёти ҷавобӣ нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ҳеҷ як самт муваффақ нашуданд, ҳатто натавонистанд хатти аввали дифоъи сохтаи нерӯҳои Русияро рахна кунанд".
Ӯ афзуд, ки миёни аврупоиҳо фаҳмише дар ҳоли афзоиш аст, ки пирӯзии Киев имконнопазир аст.
"Ҳамсуҳбатони мо дар Вена қайд мекунанд, ки дар байни аврупоиҳо дарки афзоянда вуҷуд дорад, ки Украина пирӯзии осон нахоҳад дошт ва усулан имконнопазир аст. Онҳо қудрат ва созмондиҳии артиши Русияро эътироф мекунанд, ки дар майдонҳои набард таҷрибаи азими ҷангӣ ба даст овардааст”, - гуфт Гаврилов.
Ба гуфтаи вай, вазъи кишварҳои аъзои НАТО дар ҳоли хароб қарор дорад, зеро комплекси ҳарбии саноатии онҳо бадтар мешавад.
"Онҳо аллакай ба Украина тамоми захираҳои Stinger ва Javelin MANPADS-ро расонидаанд, анборҳо холӣ ҳастанд, аммо барои пур кардани онҳо солҳои тӯлонӣ лозим аст. Истеҳсоли хумпораҳо ба артиши коҳишёбандаи аврупоӣ мувофиқат намекунад", - шарҳ дод дипломат.
Маскав борҳо ба кишварҳои ғарбӣ ҳушдор додааст, ки интиқоли силоҳ ба Украина чизеро тағйир намедиҳад ва танҳо муноқишаро тамдид мекунад.
Тавре вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров таъкид кард, Иёлоти Муттаҳида ва НАТО дар ин рӯёрӯӣ на танҳо бо таъмини силоҳ, балки бо омӯзиши кадрҳо бевосита даст доранд.