https://sputnik.tj/20230716/duruyagist-vokunishi-mask-intiqol-bombi-khushagi-ukraina-1058293693.html
Ин дурӯягист: вокуниши Маск ба интиқоли бомбҳои хӯшагӣ ба Украина
Ин дурӯягист: вокуниши Маск ба интиқоли бомбҳои хӯшагӣ ба Украина
Sputnik Тоҷикистон
Cоҳибкор ва миллиардери амрикоӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз ночорӣ ба Украина бомбаҳои кассетӣ мефиристад, аммо ин натиҷаи муноқишаро тағйир намедиҳад
2023-07-16T14:00+0500
2023-07-16T14:00+0500
2023-07-16T14:00+0500
дар ҷаҳон
амният ва мудофиа
амалиёт
вижа
илон маск
украина
аслиҳа
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/17/1032875665_0:275:2995:1960_1920x0_80_0_0_87cfd4804d27b770707ee4a3eb0b6027.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Интиқоли бомбҳои хӯшагӣ, ки истифодаашон қаблан аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маҳкум мешуд, дурӯягӣ ва паст задани худ аст. Ин нуктаро соҳибкори амрикоӣ, Илон Маск дар саҳифааш дар Twitter дар вокуниш ба интиқоли бомбҳои хӯшагӣ ба Украина баён доштааст. Ба гуфтаи соҳибкор, Иёлоти Муттаҳида ба ҳамин восита, ки аз ночорӣ амалӣ мешавад, талош дорад, натиҷаи муноқиша дар Украинаро тағйир диҳад. Вай афзуд, ки Русия аз Украина дастикам чаҳор маротиба бештар артиллерия ва 10 маротиба бештар лавозимоти ҷангӣ дорад.Маск ҳамчунин аз оқибатҳои манфии интиқоли бомбаҳои хӯшаӣ аз ҷониби ИМА ба Украина ҳушдор дода, ба риёкории ин гуна таъминот кардааст. ИМА онҳоеро, ки бомбаҳои кассетиро истифода мебаранд, ҳамеша ҳамчун бад маҳкум кардааст, аммо ҳоло худаш онҳоро барои истифода дар ҷанг мефиристад, таъкид намуд миллиардер. Вай изҳор дошт, ки сарнавишт кинояро дӯст медорад, аммо аз риёкорӣ нафрат дорадМаврид ба зикр аст, ки қаблан Вашингтон аз тасмимаш барои интиқоли бомбаҳои хӯшаӣ ба Украина хабар дода, мақомдорони амрикоӣ изҳор доштанд, ки ҳамчунин бархе кишварҳои ғарбӣ низ чунин аслиҳаро ба Киев интиқол медиҳанд.
https://sputnik.tj/20230716/qrim-ukraina-nestshavi-meravad-1058283949.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/17/1032875665_264:0:2995:2048_1920x0_80_0_0_92600f173275bd21fb66ce3a98ead697.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
илон маск, интиқол, бомб, хӯшаӣ, таъмин, танқид
илон маск, интиқол, бомб, хӯшаӣ, таъмин, танқид
Ин дурӯягист: вокуниши Маск ба интиқоли бомбҳои хӯшагӣ ба Украина
Cоҳибкор ва миллиардери амрикоӣ гуфт, Иёлоти Муттаҳида аз ночорӣ ба Украина бомбаҳои кассетӣ мефиристад, аммо ин натиҷаи муноқишаро тағйир намедиҳад
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Интиқоли бомбҳои хӯшагӣ, ки истифодаашон қаблан аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маҳкум мешуд, дурӯягӣ ва паст задани худ аст.
Ин нуктаро соҳибкори амрикоӣ, Илон Маск дар саҳифааш дар Twitter дар вокуниш ба интиқоли бомбҳои хӯшагӣ ба Украина баён доштааст.
Ба гуфтаи соҳибкор, Иёлоти Муттаҳида ба ҳамин восита, ки аз ночорӣ амалӣ мешавад, талош дорад, натиҷаи муноқиша дар Украинаро тағйир диҳад.
"Лавозимоти ҷангии муқаррарӣ барои фиристодан ба Украина тамом шуданд, аз ин рӯ ҳоло аз ночорӣ ба онҳо бомбаҳои хӯшаӣ мефиристему бидуни тағйир додани натиҷаи муноқиша худро таҳқир мекунем", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки Русия аз Украина дастикам чаҳор маротиба бештар артиллерия ва 10 маротиба бештар лавозимоти ҷангӣ дорад.
Маск ҳамчунин аз оқибатҳои манфии интиқоли бомбаҳои хӯшаӣ аз ҷониби ИМА ба Украина ҳушдор дода, ба риёкории ин гуна таъминот кардааст.
ИМА онҳоеро, ки бомбаҳои кассетиро истифода мебаранд, ҳамеша ҳамчун бад маҳкум кардааст, аммо ҳоло худаш онҳоро барои истифода дар ҷанг мефиристад, таъкид намуд миллиардер.
Вай изҳор дошт, ки сарнавишт кинояро дӯст медорад, аммо аз риёкорӣ нафрат дорад
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Вашингтон аз тасмимаш барои интиқоли бомбаҳои хӯшаӣ ба Украина хабар дода, мақомдорони амрикоӣ изҳор доштанд, ки ҳамчунин бархе кишварҳои ғарбӣ низ чунин аслиҳаро ба Киев интиқол медиҳанд.