Амалиёти вижаи низомӣ: Русия ба бомбҳо хӯшаӣ аз ИМА чӣ гуна посух медиҳад

© DogswarРоссийская унифицированная планирующая бомбовая кассета "Дрель" (ПБК-500У СПБЭ-К)
Российская унифицированная планирующая бомбовая кассета Дрель (ПБК-500У СПБЭ-К) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2023
Обуна шудан
Бино бар норасоии аслиҳаи маъмулӣ ва афсурдагӣ амрикоиҳо ба режими Киев бомбҳои хӯшаӣ мефиристанд – ҳамлаи ҷавобии артиши Украина шикаст хӯрд
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Русия захираҳои бештари ҷангӣ, интихоби озоди яроқро дорад, аз ҷумла, номгӯи зиёди аслиҳаи хӯшаиро – мушакҳои таъҷиливу тактикӣ, бомбаҳои авиатсионӣ, гулӯлаҳои реактивӣ ва артиллерӣ. Бинобар ин, “инъикоси оинасон”-и низомиёни русиягӣ ҳалокатовар хоҳад буд.
Президенти Русия Владимир Путин рӯзи шанбе изҳор дошт, ки ба истифодаи гулӯлаҳои хӯшаии амрикоии 155 мм аз ҷониби артиши Украина Русия ҷавоби оинасон хоҳад дод.
“То ин дам мо ин корро накарда будем, истифода бурда набурда будем, зеро мо чунин заруратро надоштем”, - хотиррасон намуд ӯ.
Ба андешаи Путин, ИМА ба чунин қарори ҷинояткоронаи интиқол на аз ҳаёти хуш, балки бо сабаби мубталои норасогии шадиди аслиҳа буданашон омаданд.
Комплекси саноати ҳарбии амрикоӣ қудрати истеҳсоли 15 ҳаз. гулӯлаҳои артиллерӣ дар як моҳро дорад, ҳамаи кившарҳои аврупоии НАТО бошанд дар ҳамин муддат 25 ҳаз. гулӯлаҳои 155 мм истеҳсол намуда метавонанд, қувваҳои мусаллаҳи Украина бошанд 45 ҳаз. гулӯларо дар 8 рӯз сарф мекунанд.
Ғарб тавони ба якборагӣ афзоиш додани иқтидорҳои саноати ҳарбиашро надорад, барои ин солҳо лозиманд. Пентагон ба нақша гирифтааст, ки то соли 2028 ҳаҷми истеҳсоли гулӯлаҳои 155 мм-раро ба 6 маротиба зиёд намояд, аммо дар 5 соли оянда бо Украина чӣ мешавад, ҳеҷ кас намедонад.
Боец батальона Ахмат в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Русия талафоти артиши Украина дар ду хати ҷабҳаро эълон кард
Артиши русиягӣ теъдоди ҳангуфти аслиҳаи хӯшаиро дорад. Пештар вазири дифои Русия Сергей Шойгу қайд намуда буд, ки Русия дар ихтиёраш намунаҳои самараноктарро “барои ҳамаи ҳолатҳои зиндагӣ” дорад.
Қайд менамоем, ки ИМА, Русия ва Украина соли 2008 ба Конвенсияи Дублинск, ки аслиҳаи хӯшаиро манъ месозад, ҳароҳ нашуда буданд.
Артиши Русия гулӯлаҳои артиллерӣ барои САУ "Мста" и "Акатсия", гулӯлаҳои реактивии оташи солсилавии "Смерч" ва "Ураган", якчанд андоза ва намуд бомбаҳои авиатсионӣ, ҳамзамон – мушакҳои “Искандар”-и дорои саракҳои хӯшаии ҷангӣ дорад. Ва ин ҳама дар ҳолест, ки теъдоди онҳо бамаротиб бештар аз он, ки ИМА дар ихтиёраш дорад, мебошад.
Ҷавоби оинасон ва ё худ ҳамсони Русия ба афзудани талафоти чандкарата зиёди қувваҳои зинда ва техникаи ҷангии артиши Украинаро кафолат медиҳад, охир истифодаи аслиҳаи хӯшаӣ муқобили нерӯҳои ҳуҷумкунандаи душман дар мавзеи кушод харобиовартар аст.
Ҷанги амрикоие, ки бо Русия бо дасти дигарон “то охирин украинӣ” бурда истодааст, тарҳҳои барои артиши Украина ҳавлангез гирифта истодааст, аммо ба ҳадафу вазифаҳои асосии амалиёти вижаи низомӣ таъсир расонида наметавонад. Ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина ҷараёни баргарданда надорад.

Акси садои сӯзони ҷанги сард

Вашингтон ба Киев садҳо ҳазор гулӯлаҳои артиллерии 155 мм-раи хӯшии M864 (барои САУ М109 Paladin ва гаубитсаҳои М777, ки масофаи тирандозиаш то 30 км аст) фиристода истода аст, ки онҳо наздик 40 сол пеш истеҳсол карда шудаанд.
Посол РФ в США Анатолий Антонов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2023
Сафири Русия гуф, Амрико дар ҳамлаи террористии Киев ба пули Қрим даст дошт
Доираи зарбазании гулӯла бо 72 аслиҳа (48 адад зидди пиёданизом ва 24 адад зиддитанкӣ) то 150 метрро ташкил медиҳад. Истифодаи М864 ба артиши Украина “нафаси дуюм” буда наметавонад, ва ё худ имконияти мудофиаи қаторамонанди русиягиро рахна задан ва ё худ ёрои роҳҳои наздикшавиро аз минаҳо тоза карданро намедиҳад.
Артиллерияи украинӣ аз соли 2014 инҷониб аслиҳаи хӯшаии намунаи шӯравиро истифода бурдан дорад – аз ҷумла, мушакҳои ОТКР "Точка-У"-ро.
Пештар Пентагон дар бораи интиқоли гулӯлаҳои хӯшаӣ ба Украина аз ҷониби давлатҳои дигаи НАТО хабар дода буд. Дар хати ҷабҳа гулӯлаҳои зиддитанкии истеҳсоли фаронсавию шведии BONUS ба мушоҳида расида буданд.
Маҷаллаи амрикоии Foreign Policy аз интиқолдиҳандагони доимии аслиҳаи Dual-Purpose Improved Conventional Munition (DPICM) (аслиҳаи мукаммали таъиноташ духӯра) –ро кишвари Туркия ном бурдааст – он ҷо гулӯлаҳои хӯшаии DPICM тибқи иҷозатномаи ИМА дар солҳои ҷанги сард омода карда мешуданд.
Ҳамаи ин интиқолҳо ҷараёни амалиёти низомиро (таносуби қувваҳоро) дар театри амалиёти ҷангии украинӣ дигар карда натавонист.
Артиши ИМА кашшофи аслиҳаи хӯшаист – ва аз онҳо аз оғози солҳои 1960 дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва дигар минтақаҳои сайёра фаъолона истифода намудааст.
Аммо гулӯлаҳои хӯшаии амрикоӣ – “муъҷизаофар” нестанд ва фақат қодиранд ғайринизомисозии қувваҳои мусаллаҳи Украина ва заволи режими украиниро тезонанд.
Дар ҳамин ҳол, Пентагон ҳиссаи аслиҳаи нуқсондорро баробари 6% донист (дар майдони ҷанг 4 адад аз 72 гулӯлаи зиддитанкӣ ва аз ҳар 100 аслиҳаи зидди пиёданизом нотаркида мемонанд).
Илон Маск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2023
Ин дурӯягист: вокуниши Маск ба интиқоли бомбҳои хӯшагӣ ба Украина
Мутахассисони соҳаи аз минаҳо тозакунии ИМА чунин меҳисобанд, ки то 30% аслиҳа нотаркида мемонад.
Ҳар чӣ ҳам бошад, ҳазорон “бомбаҳои хобида” бо гузашти рӯзу моҳу солҳои бисёри пас аз истифодаи ҷангӣ зарбаи сахте хоҳанд буд барои аҳолии осоишта. Қайд менамояем, ки бомбаҳои хӯшаии русиягӣ дар ҳолати натарконидани нишон механизми худбарҳамдиҳӣ доранд.

Барои ҳамаи ҳолатҳои зиндагӣ

Қувваҳои мусаллаҳи Русия интихоби васеи воситаҳои зарбазани хӯшаӣ доранд.
Барои нобуд сохтани техникаи зиреҳпӯши ҷангӣ ва захираҳои умқи ақибгоҳи душман – хело пештар аз он, ки он, ки онҳо таъҷилан тартиби ҷангӣ бигиранд – артиши русиягӣ аз “Искандар”-ҳои хӯшаӣ истифода бурда метавонанд, ки ҳадафро дар масофаи то 500 км ба нишон гирифта метавонад. Сараки ҷангии “Искандар” 5 варианти хӯшаҳоро дорад.
- бо 54 ҷузъиётҳои тиккапоракунандаи таркишашон мухтор, ки дар баландии то 10 метр ба кор медароянд;
- бо элементҳои тиккапорадори зиреҳзани таъсирнокиашон баланд;
- бо элементҳои ҷангии худнишонгир, ки тавассути системаи радиоленейӣ ва инфрасурхии навъи ГСН ба нишон рост мешаванд;
- бо амалҳои тарконандаи калонҳаҷм – барои нобудсозии қувваҳои зинда ва техника дар паноҳгоҳу махфигоҳҳо;
- минакорикунандаи фосилавӣ, ки худ минаҳоро мустақилона ҷойгир мекунад – бо ёзонандаи минагии ПОМ-2 "Отек", бо минаҳои оҳанрабоии зиддитанкии ПТМ-3 ва ғайра.
Самый большой флаг Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2023
Дар Қрим гуфтанд, ки Украина ба сӯи нестшавӣ меравад
Гулӯлаҳои реактивии хӯшаии РСЗО "Смерч" қобилияти нобудсозии қувваи зинда ва техникаи душманро дар масофаи то 120 км доранд. Аслиҳаи пуриқтидори реактивии 9М55К1 бо элементҳои худнишонгири "Мотив-3М" - бо нерӯи (заряд) 4,5 кг ва системаи нишонгирии инфрасурх ҷиҳозонида шудааст, ки бо парашют фаромадан доштаҳоро низ “ислоҳ” менамояд.
Ҳар як гулӯлаи "Смерч" панҷ аслиҳаи зиддитанкиро бурда метавонад, яъне ки дар як бастаи равоншуда 60 ”Мотив” ҳаст. Барои системаи реактивии оташи силсилавии "Смерч" ҳамчунин гулӯлаҳои реактивии 9М55К7 бо 20 адад аслиҳаи зиддитанкии худнишонгир мавҷуд аст.
Самаранокиву иқтидори бомбаҳои хӯшаии авиатсионии русиягӣ низ аз ин кам нестанд. Масалан, бомбаи хӯшаӣ бо 14 элементи ҷангии худнишонгири РБК-500 СПБЭ-Д бо вазни 478 кг барои нобудсозии ҳамаи танкҳои ҳозиразамон, мошини ҷангии зиреҳпӯши савораи пиёданизом ва техникаи зиреҳпӯш дар шароити халалдорёбии мавҷи идоракунӣ пешбинӣ карда шудааст.
Хӯшаҳои бомбадори бе сарбории изофагии РБК-500У ОФАБ-50УД бо вазни 520 кг 10 элементҳои бомбавиро барои нобудсозии техникаи зиреҳпӯш, қувваи зинда, анбори саҳроии аслиҳа, иншоотҳои мустаҳкамкардашудаи ҳарбӣ, иншоотҳои саноати ҳарбӣ ва воситаҳои алоқаро дар худ доранд
Хӯшаҳои бомбадори РБК-500У БЕТАБ-М бо вазни 480 кг барои нобудсозии ҳадафҳои аз санг (бетон) сохташуда – иншоотҳои фурудгоҳ, камингоҳҳои зеризаминӣ, шоҳроҳҳои автомобилгард – пешбинӣ карда шудаанд.
Пас аз баромадани 10 гулӯла аз хӯшаҳо парашютҳо кушода мешаванд, хати ҳаракати амудиро ба худ гирифта, муҳаррикро ба кор медароранд ва бо суръати баланд сарнишеб парвоз мекунанд.
Международный форум Примаковские чтения. День второй - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Киссинҷер: ИМА бовар надоранд, ки артиши Украина зимни ҳамлааш Қримро бармегардонад
Бомбаи авиатсионии ҳушманди замонавии ПБК-500У "Дрел"—и калибраш 500 кг бо элементҳои ҷангии худнишонгир бо парвози идоракунандаи дуриаш то 30 км аз нуқтаи партоб – дар синфи худ намунаи технологияи баланд аст (нишони услуб.)
Дар баландии 250 метр хӯша кушода мешавад, ҳар яке аз 15 элементҳои ҷангӣ (бо вазни 15 кг) сараки инфрасурх ва ё фаъоли радиолокатсиониро гирон месозад, ва сӯи ҳадафи афзалиятнок парвоз мекунад (шиори “сар додӣ, фаромӯш кун” амалӣ гардидааст).
"Дрел"-и бетавофут барои нобудсозии техникаи зиреҳпӯш, иншоотҳои мустаҳками муҳандисӣ, ситемаҳои радиолокатсионии мудофиаи зиддиҳавоӣ, нуқтаҳои идоракунӣ пешбинӣ шудааст. Як хӯша қодир аст то даҳ танкро сӯзонад.
Бомбаи ҳушманди авиатсионӣ аз воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ ва муборизаи радиоэлектронӣ ҳифз карда шудааст, парвози нақшавӣ бо истифода аз системаи ГЛОНАСС идора карда мешавад. “Дрел”-ро ҳамаи намуд тайёраҳои авиатсияи тактикӣ – Су-25СМ3, Су-24М, Су-35С, Су-34 ва Су-30СМ – истифода бурда метавонанд.
Барои муқоиса, бомбаҳои авиатсионии ҳамсони амрикоии JSOW (Joint Standoff Weapon) AGM-154 аз рӯи чанд нишондиҳандаҳо бо “Дрел” дар сабқат буда наметавонад.
Эламентҳои ҷангии “Дрел” ба таври чашмрас пуриқтидортар ва мукаммалтар аз бомбаҳои амрикоист – қодир аст ҳадафҳои инфрасурх ва муқобили ҳам, ҳадафҳои “сард”-ро нобуд созад, дар ҷӯшу хурӯши муҳорибаҳо техникаи зиреҳпӯши худиро аз техникаи зиреҳпӯши душман фарқ карда метавонад. Хулласи калом, артиши украинӣ барои истифодаи бомбаҳои авиатсионии хӯшавии амрикоӣ воқеан ҳам тайёра надорад.
Здание Министерства иностранных дел РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Украина манбаи фарзандхонӣ барои ИМА шудааст
Ин шарҳи умумии кӯтоҳ фақат равзанаи хурдеро ба теъдоди бузурги аслиҳаи русии (шӯравии) хӯшавӣ мекушояд, ки аз оғоз барои “ғайринизомисозӣ”-и НАТО пешбинӣ шуда буд.
Ва имрӯз дар театри амалиёти ҷангии украинӣ кӯшишҳои девонавори кишварҳои алоҳидаи НАТО бобати муташанниҷтар намудани вазъият бо интқоли яроқу аслиҳа ба артиши Украина бо мақсади доманадор кардани минтақаи амалиёти низомӣ ба мушоҳида мерасад - бо мақсади он, ки,ба ҳар ҳол, ҳамаи қувваи яроқи русиягиро (шӯравиро) дар худ таҷриба кунанд.
Лентаи хабарҳо
0