Дар Тоҷикистон рақиби ҷиддӣ нест: Черевченко нақшаи "Истиқлол"-ро гуфт

© Sputnik Тренер "Истиклол" Игорь Черевченко
Тренер Истиклол Игорь Черевченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2023
Обуна шудан
Сармураббии тими "Истиқлол"-и Душанбе махсусан муҳаббати зиёд ба футбол дар байни варзишгарони тоҷик ва хоҳиши рушди касбиро қайд кард
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бошгоҳи футболи "Истиқлол" зӯрозмоӣ дар Лигаи қаҳрамонҳои Осиё - AFC-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор додаст.
Ин нуктаро сармураббии даста, Игор Черевченко таъкид карда, афзуд, ки дар Тоҷикистон рақиби ҷиддӣ барои ин тими Душанбе вуҷуд надорад.
"Ҳарифон мисли бори охирин ба бозӣ мераванд. Онҳо метавонанд бо ҳисоби 1:0 аз мо мағлуб шаванду шодӣ кунанд. "Истиқлол" барои бисёриҳо мисли матои сурх аст", - гуфт ӯ дар суҳбат бо BobSoccer.
Дар зимн Черевченко муҳаббати калон нисбат ба футбол дар байни варзишкорони маҳаллиро таъкид кард, ки майлу хоҳоиши инкишофи касбӣ доранд.
Имзои санад, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2023
Тағйироти кадрӣ дар Хуҷанд: Марофиев 2 мақомро ишғол хоҳад кард
"Фикр мекунам, ки бисёриҳо дар назди худ вазифа гузоштаанд, ки дертар ба ҷое, ба Аврупову Осиё раванд. Маош дар ин ҷо ҳатто дар муқоиса бо лигаи якум ё дуюми Русия хеле пасттар аст. Ҳатто дар муқоиса бо Ӯзбекистони ҳамсоя то дараҷае камтар аст", - гуфт мураббӣ.
Маврид ба зикр аст, ки Черевченко собиқ бозингари тими миллии Тоҷикистон ва мураббии шинохта, аввали соли равон ба ҳайси сармураббӣ ба дастаи "Истиқлол" пайваст.
Ба гуфтаи мураббӣ, пешниҳодҳои дигари ҳамкорӣ низ буданд, аммо ӯ Тоҷикистонро интихоб кард.
Вай дар яке аз суҳбатҳои аввалинаш изҳор дошта буд, ин таъйинотро ҳамчун қарз ва чолиш қабул мекунад.
Лентаи хабарҳо
0