https://sputnik.tj/20230716/taghyirot-kadri-timi-khujand-marofiev-maqom-1058295806.html
Тағйироти кадрӣ дар Хуҷанд: Марофиев 2 мақомро ишғол хоҳад кард
Тағйироти кадрӣ дар Хуҷанд: Марофиев 2 мақомро ишғол хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар раёсати дастаи "Хуҷанд" тағйироти кадрӣ амалӣ гардида, сармураббии навтаъйини ин даста, ҳамзамон мудири иҷроияи бошгоҳ хоҳад буд
2023-07-16T19:00+0500
2023-07-16T19:00+0500
2023-07-17T17:46+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
футбол
хуҷанд
таъйиноти кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102405/94/1024059479_0:115:3001:1803_1920x0_80_0_0_5d4a0ec9a587c10ea68a6a9004bd7a73.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Мудири иҷроияи бошгоҳи "Хуҷанд", Муродҷон Умаров аз мақомаш барканор гардид, иттилоъ дод дафтари матбуоти бошгоҳ. Ба иттилои манбаъ, Умаров, ки дар ин вазифа 5 сол кор аз мақоми раҳбарӣ канор рафт. Манбаъ афзуд, ки ба ҷойи ӯ Фаррух Марофиев мудири иҷроияи бошгоҳ таъйин шудааст. Марофиев ахиран сармураббии даста таъйин шуда буд ва ҳамакнун дар 2 мақом-сармураббӣ ва директори бошгоҳ фаъолият мекунанд. Дар мавриди сабаби барканорию таъйинот расман чизе гуфта нашудааст, аммо ҳадс зада мешавад, ки тағйирот ба нокомиҳои ахири даста рабт дорад. Қаблан раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Фаррух Марофиевро ба вазифаи сармураббии бошгоҳи футболи "Хуҷанд" таъйин карда, Шариф Зиёев ба унвони мураббӣ ва ёвари сармураббии даста гумошта шуд. Мураббӣ-селексионери даста Руслан Абдумавлонов интихоб гардид, ки дар академияи "Реал Мадрид"-и Бекобод таҷриба дошта, инчунин роҳбарии "Пахтакор"- и Пролетарро дар гузашта ба зима дошт. Фаррух Марофиев ба роҳбарият барои эътимод изҳори сипос карда, таъкид намуда буд, ки ин барои ӯ шарафи бузург аст, аммо даста дар майдони футбол ва берун аз он ба интизом ва муносибати касбӣ ниёз дорад. Марофиев дар мақоми сармураббӣ Нуъмон Ҳасановро иваз карда буд, ки баъди ҳамагӣ як моҳи кор аз мақом барканор шуда буд. Барканории Ҳасанов ба сабабҳои оилавӣ рабт дода шуда буд.
https://sputnik.tj/20230716/natija-bozi-marhila-guruhi-jom-javoni-1058294812.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102405/94/1024059479_160:0:2829:2002_1920x0_80_0_0_ce009ad0abc0f141a9401ed093dc9db9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фаррух марофиев, мураббӣ, мудир, бошгоҳ, таъйин, хуҷанд
фаррух марофиев, мураббӣ, мудир, бошгоҳ, таъйин, хуҷанд
Тағйироти кадрӣ дар Хуҷанд: Марофиев 2 мақомро ишғол хоҳад кард
19:00 16.07.2023 (Навсозишуда: 17:46 17.07.2023) Дар раёсати дастаи "Хуҷанд" тағйироти кадрӣ амалӣ гардида, сармураббии навтаъйини ин даста, ҳамзамон мудири иҷроияи бошгоҳ хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Мудири иҷроияи бошгоҳи "Хуҷанд", Муродҷон Умаров аз мақомаш барканор гардид, иттилоъ дод дафтари матбуоти бошгоҳ.
Ба иттилои манбаъ, Умаров, ки дар ин вазифа 5 сол кор аз мақоми раҳбарӣ канор рафт.
Манбаъ афзуд, ки ба ҷойи ӯ Фаррух Марофиев мудири иҷроияи бошгоҳ таъйин шудааст. Марофиев ахиран сармураббии даста таъйин шуда буд ва ҳамакнун дар 2 мақом-сармураббӣ ва директори бошгоҳ фаъолият мекунанд.
Дар мавриди сабаби барканорию таъйинот расман чизе гуфта нашудааст, аммо ҳадс зада мешавад, ки тағйирот ба нокомиҳои ахири даста рабт дорад.
Қаблан раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Фаррух Марофиевро ба вазифаи сармураббии бошгоҳи футболи "Хуҷанд" таъйин карда, Шариф Зиёев ба унвони мураббӣ ва ёвари сармураббии даста гумошта шуд.
Мураббӣ-селексионери даста Руслан Абдумавлонов интихоб гардид, ки дар академияи "Реал Мадрид"-и Бекобод таҷриба дошта, инчунин роҳбарии "Пахтакор"- и Пролетарро дар гузашта ба зима дошт.
Фаррух Марофиев ба роҳбарият барои эътимод изҳори сипос карда, таъкид намуда буд, ки ин барои ӯ шарафи бузург аст, аммо даста дар майдони футбол ва берун аз он ба интизом ва муносибати касбӣ ниёз дорад.
Марофиев дар мақоми сармураббӣ Нуъмон Ҳасановро иваз карда буд, ки баъди ҳамагӣ як моҳи кор аз мақом барканор шуда буд. Барканории Ҳасанов ба сабабҳои оилавӣ рабт дода шуда буд.