https://sputnik.tj/20230717/pizishkoni-tojik-eron-bozomuzi-meshavand-1058309262.html
Пизишкони тоҷик дар Эрон бозомузӣ мешаванд
Пизишкони тоҷик дар Эрон бозомузӣ мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Эрон мегӯяд барои пизишкони тоҷик барномаҳои таҳсилотиро дар шакли кутоҳмуддат ва дарозмуддат барномарезӣ хоҳад кард
2023-07-17T16:32+0500
2023-07-17T16:32+0500
2023-07-17T18:12+0500
дар тоҷикистон
эрон
ҳамкорӣ
пизишкон
таҳсил
омӯзиш
тандурустӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:260:1106:882_1920x0_80_0_0_d152a452bc3d1a87063d9657be4e109b.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Вазири беҳдошт ва дармону омӯзиши пизишкии Эрон Баҳром Айнуллоҳӣ гуфт, ки дар ояндаи наздик тафоҳумномаҳоеро дар Тоҷикистон, дар ин бора имзо хоҳем кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”. Ба гуфтаи вай акунун ҳавзаи омӯзиш, теъдоде аз пизишкони Тоҷикистон дар Эрон дар ҳоли таҳсил ҳастанд. “Мо таҳсилро ба шакли кутоҳмуддат ва дарозмуддат барояшон барномарезӣ мекунем. Ҳамчунин ин замина вуҷуд дорад, ки устодони донишгоҳҳои улуми пизишкии кишвари мо ва устодони Тоҷикистон битавонанд ҳамоишҳо ва барномаҳои муштарак дошта бошанд”,- гуфтааст ӯ. Вай илова кард, ки баъд аз ин музокирае бо вазири тандурустии Тоҷикистон тавфиқеро пайдо кардем, ки аз бемористони Ибни Сино ҳам боздиде дошта бошем. Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ гуфт: Мардуми Тоҷикистон ба пизишкон ва дармон ва дорӯи эронӣ бисёр эътиқод пайдо кардаанд ва натоиҷи бисёр хуби онро тавонистанд бубинанд ва алъон ҳам масъулони кишвари Тоҷикистон ва ҳам мардум тақозо доранд, ки содироти дорӯи эронӣ ба шаҳри Душанбе ва ба кишвари Тоҷикистон тасҳил шавад. “Масъулон ва мардуми Тоҷикистон тақозо доранд, ки содироти дорӯи эронӣ ба ин кишвар тасҳил шавад”, - қайд кард вазири эронӣ.
https://sputnik.tj/20230714/muovini-beg-sabur-eron-barrasi-1058265458.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/0e/1055492900_0:156:1106:986_1920x0_80_0_0_869c9ef575af1217a2f77989c580a498.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, тандурустӣ, беҳдоштӣ, пизишкон, омӯзиш, таҳсил
тоҷикистон, эрон, ҳамкорӣ, тандурустӣ, беҳдоштӣ, пизишкон, омӯзиш, таҳсил
Пизишкони тоҷик дар Эрон бозомузӣ мешаванд
16:32 17.07.2023 (Навсозишуда: 18:12 17.07.2023) Мақомоти Эрон мегӯяд барои пизишкони тоҷик барномаҳои таҳсилотиро дар шакли кутоҳмуддат ва дарозмуддат барномарезӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Вазири беҳдошт ва дармону омӯзиши пизишкии Эрон Баҳром Айнуллоҳӣ гуфт, ки дар ояндаи наздик тафоҳумномаҳоеро дар Тоҷикистон, дар ин бора имзо хоҳем кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Ба гуфтаи вай акунун ҳавзаи омӯзиш, теъдоде аз пизишкони Тоҷикистон дар Эрон дар ҳоли таҳсил ҳастанд.
“Мо таҳсилро ба шакли кутоҳмуддат ва дарозмуддат барояшон барномарезӣ мекунем. Ҳамчунин ин замина вуҷуд дорад, ки устодони донишгоҳҳои улуми пизишкии кишвари мо ва устодони Тоҷикистон битавонанд ҳамоишҳо ва барномаҳои муштарак дошта бошанд”,- гуфтааст ӯ.
Вай илова кард, ки баъд аз ин музокирае бо вазири тандурустии Тоҷикистон тавфиқеро пайдо кардем, ки аз бемористони Ибни Сино ҳам боздиде дошта бошем.
Вазири беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ гуфт: Мардуми Тоҷикистон ба пизишкон ва дармон ва дорӯи эронӣ бисёр эътиқод пайдо кардаанд ва натоиҷи бисёр хуби онро тавонистанд бубинанд ва алъон ҳам масъулони кишвари Тоҷикистон ва ҳам мардум тақозо доранд, ки содироти дорӯи эронӣ ба шаҳри Душанбе ва ба кишвари Тоҷикистон тасҳил шавад.
“Масъулон ва мардуми Тоҷикистон тақозо доранд, ки содироти дорӯи эронӣ ба ин кишвар тасҳил шавад”, - қайд кард вазири эронӣ.