Муовини Бег Сабур бо Вазири фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботи Эрон чиро баррасӣ кард?

© Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии ТоҷикистонМулоқоти муовини Сардори Хадамоти алоқа бо Вазири фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботии Эрон
Мулоқоти муовини Сардори Хадамоти алоқа бо Вазири фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботии Эрон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Обуна шудан
Дар шаҳри Теҳрон масъалаҳои дуҷониба доир ба таҳкими ҳамкориҳо дар бахши алоқа миёни мақомдорони Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Дар шаҳри Теҳрон Илҷомҷон Атоев, муовини Сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон бо Вазири фанновариҳои иттилоотӣ ва иртиботии Эрон мулоқот кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Хадамоти алоқа.
Ба иттилоии мнабаъ, дар ин вохурӣ тарафҳо масъалаҳои дуҷониба доир ба таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи ТИК-ро баррасӣ карданд.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо ба рушду тавсеаи робитаҳо дар ин бахш изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
“Ҷонибҳои таъкид доштанд, ки барои расидан ба ин ҳадаф татбиқи Нақша-чорабиниҳо доир ба ТИК зарур аст”,- қайд кардааст манбаъ.
Хадамоти алоқа қайд кардааст, ки ин вохӯрӣ дар ҳошияи Ҷаласаи сеюми вазирони Ташкилоти Ҳамкориҳои Иктисодӣ (ECO) оид ба ТИК, ки рӯзҳои 12-13 июли соли равон дар пойтахти Эрон, шаҳри Теҳрон ҷараён дошт, сурат гирифт.
Флаг Ирана на одной из улиц Тегерана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.07.2023
Эрон: Ҷаҳон ва ҳамсоягони Афғонистон сулҳу суботро дар истиқрори ҳукумати фарогир мебинанд
Илҳомҷон Атоев, муовини сардори Хадамоти алоқа ба намояндагӣ аз Тоҷикистон дар Ҷаласаи сеюми вазирони Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ оид ба ТИК иштирок дошт.
Тоҷикистон яке аз 10 кишвари узв дар Ташкилоти Ҳамкории Иқтисодӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0