Мулоқоти сеҷонибаи вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Бодканд: Ҳамсояҳо чиро баррасӣ карданд?

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдИштирок дар мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд
Иштирок дар мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2023
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд барои иштирок дар мулоқоти минтақавии раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон, Фарғонаи Ӯзбекистон ва Бодканди Қирғизистон ба Қирғизистон сафар намуд
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Таъкид шудааст, ки мақсад аз мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғду Фарғона ва Бодканд, ин расидан ба зиндагии беҳтари минтақа аст.
Ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои иштирок дар мулоқоти минтақавии раисони вилоятҳои Суғди Тоҷикистон, Фарғонаи Ӯзбекистон ва Бодканди Қирғизистон ба Қирғизистон сафар кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, мулоқоти сеҷонибаи Раиси вилояти Суғд, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Бодканд Абдикарим Алимбаев ва ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров дар шаҳри Иссиқкӯл сурат гирифт.
© Хадамоти матбуоти Раиси вилояти СуғдИштирок дар мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд
Иштирок дар мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2023
Иштирок дар мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғд, Фарғона ва Ботканд
Раҷаббой Аҳмадзода дар ин дидор таъкид кард, ки солҳои ахир ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарӣ миёни минтақаҳо мустаҳкам гардида истодааст.
“Таҳкими муносибатҳои минтақавӣ аз ҳамсоядории хуби мардумони тоҷику ӯзбек ва қирғиз сарчашма гирифта, равобити кишварҳо таърихи дерина дорад”,- гуфт ӯ.
Қайд карда шуд, ки мулоқоти сеҷонибаи раисони вилоятҳои Суғду Фарғона ва Ботканд, ки дар рӯҳияи созанда ҷараён дорад, натиҷаи талошҳои пайвастаи сарони давлатҳо дар роҳи расидан ба зиндагии беҳтари минтақа аст.
Раджаббой Ахмадзода и Гон Чон Хун - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2023
Баррасии ҷалби қувваи корӣ аз вилояти Суғд ба Корея
Дар мулоқот, ҳамзамон, намояндаи ваколатдори Президенти Қирғизистон дар вилояти Ботканд Абдикарим Алимбаев ва ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров сухан гуфта, таҳкими робитаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ миёни вилоятҳои се кишвари Осиёи Марказиро заруру муфид арзёбӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ин сафар роҳбари вилоятро роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва раисони шаҳру ноҳияҳои наздисарҳадӣ ҳамроҳӣ доранд.
Лентаи хабарҳо
0