https://sputnik.tj/20230717/ahmadzoda-jalb-quvvai-kori-koreya-maqomot-barrasi-1058303053.html
Баррасии ҷалби қувваи корӣ аз вилояти Суғд ба Корея
Баррасии ҷалби қувваи корӣ аз вилояти Суғд ба Корея
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари вилояти Суғд аз мақомоти Корея хост дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат ҳамкориро густариш бахшанд ва дар амалишавии лоиҳаҳои муфид саҳм гузоранд
2023-07-17T12:32+0500
2023-07-17T12:32+0500
2023-07-17T18:44+0500
дар тоҷикистон
корея
ҳамкорӣ
равобит
иқтисод
муҳоҷират
сармоягузорӣ
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/11/1058301277_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_4f695f2e06a7a935201386e4074aea0a.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо узви комиссияи Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ Гон Чон Хун ва ҳамроҳонашро дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилоят. Бино бар иттилоии манбаъ, дар мулоқоти ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва азхудкунии заминҳо, инчунин - ҷалби қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид. Раиси вилоят дар ин мулоқот таъкид кард, ки бо истифода аз имкониятҳо ҳамкориро бо шарикони хориҷӣ боз ҳам мустаҳкам менамояд. Раҷаббой Аҳмадзода қайд кард, ки ҷониби Корея ва соҳибкорони ин кишвар метавонанд дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат ҳамкориро густариш бахшанд ва дар амалишавии лоиҳаҳои муфид саҳм гузоранд. “Дар ин раванд ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар азхудкунии заминҳо, кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла - ҷуворимакка, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба манфиати кор арзёбӣ гардид”, - қайд кардааст манбаъ. Дар ҳамин ҳол, Гон Чон Хун дар навбати худ изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташриф - ин тақвияти ҳамкорӣ, ба роҳ мондани алоқаи мустаҳкам байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар ба ҳисоб меравад. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҷониби Корея омода аст, саҳми худро дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузург гузорад. Ёдовар мешавем, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар вилояти Суғд ба маблағи беш аз 12 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст.
https://sputnik.tj/20230714/tijorati-khoriji-viloyati-sugd-1058271190.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/11/1058301277_86:0:1223:853_1920x0_80_0_0_f513f24d57e553ba475187ff56b2fa43.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, корея, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, сармоя, муҳоҷират, раҷаббой аҳмадзод, густариш
тоҷикистон, корея, ҳамкорӣ, равобит, иқтисод, сармоя, муҳоҷират, раҷаббой аҳмадзод, густариш
Баррасии ҷалби қувваи корӣ аз вилояти Суғд ба Корея
12:32 17.07.2023 (Навсозишуда: 18:44 17.07.2023) Раҳбари вилояти Суғд аз мақомоти Корея хост дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат ҳамкориро густариш бахшанд ва дар амалишавии лоиҳаҳои муфид саҳм гузоранд
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо узви комиссияи Тоҷикистону Корея оид ба ҳамкории иқтисодӣ Гон Чон Хун ва ҳамроҳонашро дидору гуфтугӯ кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти вилоят.
Бино бар иттилоии манбаъ, дар мулоқоти ҷонибҳо масоили ҳамкорӣ, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон барои таъсиси корхонаҳои муштарак ва азхудкунии заминҳо, инчунин - ҷалби қувваи корӣ ба Ҷумҳурии Корея баррасӣ гардид.
Раиси вилоят дар ин мулоқот таъкид кард, ки бо истифода аз имкониятҳо ҳамкориро бо шарикони хориҷӣ боз ҳам мустаҳкам менамояд.
Раҷаббой Аҳмадзода қайд кард, ки ҷониби Корея ва соҳибкорони ин кишвар метавонанд дар бахшҳои кишоварзӣ ва саноат ҳамкориро густариш бахшанд ва дар амалишавии лоиҳаҳои муфид саҳм гузоранд.
“Дар ин раванд ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар азхудкунии заминҳо, кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла - ҷуворимакка, таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба манфиати кор арзёбӣ гардид”, - қайд кардааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, Гон Чон Хун дар навбати худ изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташриф - ин тақвияти ҳамкорӣ, ба роҳ мондани алоқаи мустаҳкам байни доираҳои тиҷоратии ду кишвар ба ҳисоб меравад.
Ӯ ҳамчунин афзуд, ки ҷониби Корея омода аст, саҳми худро дар татбиқи лоиҳаҳои хурду бузург гузорад.
Ёдовар мешавем, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар вилояти Суғд ба маблағи беш аз 12 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст.