https://sputnik.tj/20230717/meyor-qabul-azo-nav-briks-1058315725.html
Меъёрҳои қабули аъзои нав ба БРИКС баррасӣ мешаванд
Меъёрҳои қабули аъзои нав ба БРИКС баррасӣ мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндагони кишварҳои узви созмони БРИКС бо назардошти дархостҳои сершумори узвият харитаи роҳро барои ояндаи ин ниҳод таҳия хоҳанд кард
2023-07-17T20:35+0500
2023-07-17T20:35+0500
2023-07-17T20:35+0500
бразилия
дар ҷаҳон
сиёсат
баррасӣ
узв
нав
аъзо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/13/1056547771_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_349c00526d442b2d32385577633c4116.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Раҳбарони кишварҳои узви БРИКС меъёрҳои қабули аъзои навро ба созмон баррасӣ хоҳанд кард. Ин нуктаро вазири умури хориҷии Бразилия, Мауро Виейра дар сӯҳбат бо РИА "Новости" иттилоъ дода, афзуд, ки баррасии ин масъала дар ҷараёни нишаст дар Йоҳанесбурги Африқои Ҷанубӣ дар назар аст. Вай таъкид намуд, ки Бразилия ният дорад, ки дархости шарики стратегии худ - Аргентинаро барои узвият дар БРИКС дастгирӣ кунад. "Аммо аввал, тавре ки гуфтам, мо бояд харитаи роҳро барои ояндаи гурӯҳ таҳия кунем ва бо назардошти дархостҳои зиёде, ки ба мо расидаанд, дар мавриди меъёрҳо ба тавофуқ бирасем", - афзуд вазир. Қаблан вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, гуфта буд, ки Ғарб мехоҳад аз таҳкими сафи ҳамфикрҳои Русияву Чин ҷилавгирӣ кунад ва ҳадафаш ҷилавгирӣ аз густариши БРИКС аст. Вай таъкид кард, ки аксарияти ҷаҳон "бо қоидаҳои ғарбӣ" зиндагӣ кардан намехоҳад ва меъёрҳои универсалии ҳуқуқи байналмилалиро, ки пеш аз ҳама дар Оинномаи СММ таҷассум ёфтаанд, ҳимоят мекунанд". БРИКС ё худ BRICS баргирифтаи ҳарфҳои аввали номи 5 узви ин созмон бо забони англисӣ мебошад, ки айни ҳол ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст. Созмони мазкур аз 5 давлат - Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ иборат мебошад.
https://sputnik.tj/20230620/lavrov-gharb-saad-briks-shsh-1057818209.html
бразилия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/13/1056547771_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_2b60b1522af1353283b841ae551a15e2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аъзо, брикс, созмон, қабул, харита
аъзо, брикс, созмон, қабул, харита
Меъёрҳои қабули аъзои нав ба БРИКС баррасӣ мешаванд
Намояндагони кишварҳои узви созмони БРИКС бо назардошти дархостҳои сершумори узвият харитаи роҳро барои ояндаи ин ниҳод таҳия хоҳанд кард
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Раҳбарони кишварҳои узви БРИКС меъёрҳои қабули аъзои навро ба созмон баррасӣ хоҳанд кард.
Ин нуктаро вазири умури хориҷии Бразилия, Мауро Виейра дар сӯҳбат бо РИА "Новости" иттилоъ дода, афзуд, ки баррасии ин масъала дар ҷараёни нишаст дар Йоҳанесбурги Африқои Ҷанубӣ дар назар аст.
"Теъдоди кишварҳои манфиатдор барои пайвастан ба БРИКС аз аҳамияти он дар арсаи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад. Ҳоло мо бояд меъёрҳои арзёбии ин дархостҳоро баррасӣ ва мувофиқа кунем, ки дар ин ҳамоиш анҷом мешавад", - гуфт Виейра.
Вай таъкид намуд, ки Бразилия ният дорад, ки дархости шарики стратегии худ - Аргентинаро барои узвият дар БРИКС дастгирӣ кунад.
"Аммо аввал, тавре ки гуфтам, мо бояд харитаи роҳро барои ояндаи гурӯҳ таҳия кунем ва бо назардошти дархостҳои зиёде, ки ба мо расидаанд, дар мавриди меъёрҳо ба тавофуқ бирасем", - афзуд вазир.
Қаблан вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, гуфта буд, ки Ғарб мехоҳад аз таҳкими сафи ҳамфикрҳои Русияву Чин ҷилавгирӣ кунад ва ҳадафаш ҷилавгирӣ аз густариши БРИКС аст.
Вай таъкид кард, ки аксарияти ҷаҳон "бо қоидаҳои ғарбӣ" зиндагӣ кардан намехоҳад ва меъёрҳои универсалии ҳуқуқи байналмилалиро, ки пеш аз ҳама дар Оинномаи СММ таҷассум ёфтаанд, ҳимоят мекунанд".
БРИКС ё худ BRICS баргирифтаи ҳарфҳои аввали номи 5 узви ин созмон бо забони англисӣ мебошад, ки айни ҳол ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.
Созмони мазкур аз 5 давлат - Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ иборат мебошад.