https://sputnik.tj/20230717/maktabbachagon-eron-tavon-zabon-rusi-omuzish-1058299640.html
Мактаббачагон дар Эрон метавонанд забони русиро омӯзанд
Мактаббачагон дар Эрон метавонанд забони русиро омӯзанд
Sputnik Тоҷикистон
Гуногунӣ дар интихоби забони хориҷӣ барои таҳсил дар мадориси эронӣ ҳам ба далели ниёзҳои пайдошуда ва бо дархости донишҷӯён ба вуҷуд омадааст
2023-07-17T09:43+0500
2023-07-17T09:43+0500
2023-07-17T17:51+0500
эрон
русия
забони русӣ
маориф
таълим
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0f/1057121817_0:160:3072:1888_1920x0_80_0_0_ca9f37e169fc06562963d3781358e1df.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Барномаи таълимии мактабҳо дар Эрон ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки ба ҷои инглисӣ забони русӣ ё забони дигареро, ки барои таҳсил пешбинӣ шудааст, интихоб кунанд. Дар ин бора Фотима Рамазонӣ, дабири Кумиссиюни барномаи таълимӣ ва омӯзишии Шӯрои олии таълим ва маорифи Эрон хабар дод. Кӯдакон метавонанд аз забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, итолиёвӣ, арабӣ ва испанӣ якеро интихоб кунанд, гуфт ӯ. Илова бар ин, рӯйхати забонҳое, ки барои омӯзиш дастрасанд, бо забонҳои русӣ ва чинӣ пурра карда шуданд. Фарқият дар интихоби забони хориҷӣ барои таҳсил дар мактаб ҳам бинобар ниёзҳои пайдошуда ва ҳам бо дархости донишҷӯён ба вуҷуд омадааст, гуфт Фотима Рамазонӣ. Ба гуфтаи котиби комиссияи барномаи таълимию Шӯрои олии маориф ва таълим, бинобар нарасидани омӯзгорони як қатор забонҳо на ҳар мактаб омода аст ба хонандагон чунин имконият фароҳам оварад. "Дар ин ҳолат мактаб бояд масъалаи таъмини донишомӯзон бо омӯзиши онлайнро баррасӣ кунад",- гуфт ӯ.
https://sputnik.tj/20230716/rusiya-farzandon-muhojiron-kursho-zabon-rusi-rohandozi-kunad-1058281324.html
эрон
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/0f/1057121817_171:0:2902:2048_1920x0_80_0_0_f71bb0d2ce8f9323df28fa60b600dfbf.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мактаббачагон эрон забон русӣ омӯзиш
мактаббачагон эрон забон русӣ омӯзиш
Мактаббачагон дар Эрон метавонанд забони русиро омӯзанд
09:43 17.07.2023 (Навсозишуда: 17:51 17.07.2023) Гуногунӣ дар интихоби забони хориҷӣ барои таҳсил дар мадориси эронӣ ҳам ба далели ниёзҳои пайдошуда ва бо дархости донишҷӯён ба вуҷуд омадааст
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Барномаи таълимии мактабҳо дар Эрон ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки ба ҷои инглисӣ забони русӣ ё забони дигареро, ки барои таҳсил пешбинӣ шудааст, интихоб кунанд.
Дар ин бора Фотима Рамазонӣ, дабири Кумиссиюни барномаи таълимӣ ва омӯзишии Шӯрои олии таълим ва маорифи Эрон хабар дод.
"Мактаббачагон бояд як забони хориҷиро омӯзанд... аммо ин забон ҳатмӣ нест, ки танҳо инглисӣ бошад", - таъкид кард ӯ.
Кӯдакон метавонанд аз забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, итолиёвӣ, арабӣ ва испанӣ якеро интихоб кунанд, гуфт ӯ.
Илова бар ин, рӯйхати забонҳое, ки барои омӯзиш дастрасанд, бо забонҳои русӣ ва чинӣ пурра карда шуданд.
Фарқият дар интихоби забони хориҷӣ барои таҳсил дар мактаб ҳам бинобар ниёзҳои пайдошуда ва ҳам бо дархости донишҷӯён ба вуҷуд омадааст, гуфт Фотима Рамазонӣ.
Ба гуфтаи котиби комиссияи барномаи таълимию Шӯрои олии маориф ва таълим, бинобар нарасидани омӯзгорони як қатор забонҳо на ҳар мактаб омода аст ба хонандагон чунин имконият фароҳам оварад.
"Дар ин ҳолат мактаб бояд масъалаи таъмини донишомӯзон бо омӯзиши онлайнро баррасӣ кунад",- гуфт ӯ.