Русия қасд дорад барои фарзандони муҳоҷирон курсҳои иловагии забони русӣ роҳандозӣ кунад

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкДети мигрантов
Дети мигрантов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.07.2023
Обуна шудан
Фарзандони шаҳрвандони хориҷӣ, ки забони русиро дар сатҳи нокифоя медонанд, метавонанд дониши худро дар курсҳои махсуси мактаб такмил диҳанд
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Мактабҳои русӣ метавонанд ба барномаи таълимӣ курсҳо ё модулҳои омӯзиши забони русиро барои шаҳрвандони хориҷӣ ворид кунанд.
Лоиҳаи фармоиши дахлдори Вазорати маорифи Русия дар портали расмии лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нашр шудааст.
Ҳамин тавр, барои фарзандони муҳоҷироне, ки забони русиро намедонанд ва ё онро суст медонанд, имкони ташкили барномаҳои таълимии иловагӣ фароҳам мешавад.
Ҳамин тариқ, мактаббачагон ба сатҳи донистани забоне хоҳанд расид, ки барои таҳияи барномаҳои асосии таҳсилоти умумӣ зарур аст, гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Вручения сертификатов о знании русского языка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.05.2023
Нахустин гурӯҳи муҳоҷирони тоҷик дар Душанбе имтиҳони забони русӣ супориданд
Ҳамчунин мушаххас шудааст, ки барои муайян кардани ниёзи кӯдак ба чунин курсҳо, мутахассисон сатҳи дониши кӯдакро арзёбӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, сол то сол теъдоди муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла онҳое, ки бо кӯдакони ноболиғ ба Русия меоянд, афзоиш меёбад.
Тибқи омор, шумори шаҳрвандони ноболиғи хориҷӣ, ки таҳсил мегиранд, аз соли 2021 беш аз 74 ҳазор нафар афзоиш ёфтааст. Дар ҳамин ҳол, аз рӯи натиҷаҳои ташхиси аввалия маълум шудааст, ки 77 дарсади фарзандони волидони муҳоҷир забони русиро кам ё тамоман намедонан, гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Лентаи хабарҳо
0