https://sputnik.tj/20230717/izhorot-vazorati-khorija-rusiya-hamla-pul-qrim-1058303802.html
Изҳороти Вазорати хориҷаи Русия дар бораи ҳамла ба пули Қрим
Изҳороти Вазорати хориҷаи Русия дар бораи ҳамла ба пули Қрим
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Вазорати умури хориҷаи Русия ахиран дар як изҳороти худ дар ҳамла ба пули Қрим режими Киевро гунагор донист
2023-07-17T13:29+0500
2023-07-17T13:29+0500
2023-07-17T18:36+0500
русия
дар русия
украина
қрим
пул
тахриб
ҳамлаи террористӣ
таркиш
киев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/06/1056245010_0:0:901:506_1920x0_80_0_0_1af693cf241714d5bd4c701dcdfa4b5a.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова дар Telegram канали худ навиштааст, ки ҳамла ба пули Қримро режими Киев анҷом додааст.Хонум Захарова таъкид кардааст, ки тасмими ин ҳамларо мақомоти Украина ва низомиён бо ширкати хадамоти кашфи ИМА ва Бритониё гирифтаанд. Рӯзи душанбе раисҷумҳури Қрим Сергей Аксенов эълом дошт, ки ҳаракати нақлиёт дар пули Қрим ба далели вазъияти изтирорӣ дар минтақаи сутуни 145-ум аз тарафи Краснодар қатъ шудааст.Оқои Аксенов аз сокинони Қрим ва меҳмонони нимҷазира даъват кард, ки аз сафар тавассути пули Қрим худдорӣ кунанд ва роҳи дигар тавассути минтақаҳои навро интихоб кунанд.Ба гуфтаи волии вилояти Белгород Вячеслав Гладков, дар натиҷаи ин ҳодиса ду сокини ин вилоят, як мард ва як зан кушта ва духтари ноболиғи онҳо захмӣ шудаанд.Маълумот дар бораи ду нафари кушташударо Вазорати тандурустии Краснодар тасдиқ кардааст. Вай афзуд, "тасмимҳо аз ҷониби мақомоти Украина ва низомиён дар ҳамкорӣ бо оҷонсиҳои истихборотии Амрико ва Бритониё ва сиёсатмадорон қабул карда мешаванд." Дипломати рус таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё "роҳбарии сохтори давлати террористиро амалӣ мекунанд".
https://sputnik.tj/20230716/putin-rusiya-bombho-khushai-posukh-dihad-1058294283.html
русия
украина
қрим
киев
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/06/1056245010_38:0:837:599_1920x0_80_0_0_ddf6aad977ac6820582f4a987d82f78f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, таркиш, пули қрим, вух, мария захарова, ҳамла, режими киев
русия, таркиш, пули қрим, вух, мария захарова, ҳамла, режими киев
Изҳороти Вазорати хориҷаи Русия дар бораи ҳамла ба пули Қрим
13:29 17.07.2023 (Навсозишуда: 18:36 17.07.2023) Намояндаи Вазорати умури хориҷаи Русия ахиран дар як изҳороти худ дар ҳамла ба пули Қрим режими Киевро гунагор донист
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Сухангӯи вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова дар Telegram канали худ навиштааст, ки ҳамла ба пули Қримро режими Киев анҷом додааст.
Хонум Захарова таъкид кардааст, ки тасмими ин ҳамларо мақомоти Украина ва низомиён бо ширкати хадамоти кашфи ИМА ва Бритониё гирифтаанд.
Рӯзи душанбе раисҷумҳури Қрим Сергей Аксенов эълом дошт, ки ҳаракати нақлиёт дар пули Қрим ба далели вазъияти изтирорӣ дар минтақаи сутуни 145-ум аз тарафи Краснодар қатъ шудааст.
Оқои Аксенов аз сокинони Қрим ва меҳмонони нимҷазира даъват кард, ки аз сафар тавассути пули Қрим худдорӣ кунанд ва роҳи дигар тавассути минтақаҳои навро интихоб кунанд.
Ба гуфтаи волии вилояти Белгород Вячеслав Гладков, дар натиҷаи ин ҳодиса ду сокини ин вилоят, як мард ва як зан кушта ва духтари ноболиғи онҳо захмӣ шудаанд.
Маълумот дар бораи ду нафари кушташударо Вазорати тандурустии Краснодар тасдиқ кардааст.
"Ҳамлаи имрӯза ба пули Қримро режими Киев анҷом додааст. Ин режим террористӣ аст ва ҳама нишонаҳои гурӯҳи созмонёфтаи ҷиноии байналмилалиро дорад", — навиштааст Захарова.
Вай афзуд, "тасмимҳо аз ҷониби мақомоти Украина ва низомиён дар ҳамкорӣ бо оҷонсиҳои истихборотии Амрико ва Бритониё ва сиёсатмадорон қабул карда мешаванд."
Дипломати рус таъкид кард, ки Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё "роҳбарии сохтори давлати террористиро амалӣ мекунанд".