Иштирокдорони даври нимниҳоии Ҷоми ҷавонӣ - 2023 маълум шуданд

© ФФТТими мунтахаби наврасони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2023
Обуна шудан
Дар мусобиқа барои Ҷоми ҷавонӣ - 2023, ки Лигаи футболи Тоҷикистон баргузор кард, 10 даста зӯрозмоӣ карда, аз онҳо 4 даста ба даври нимниҳоӣ расид.
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Бозиҳои даври нимниҳоӣ барои роҳхат ба финали Ҷоми ҷавонӣ - 2023 рӯзи 19 июл баргузор мешаванд, иттилоъ дод Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҷуфтҳои марҳилаи нимниҳоии Ҷоми ҷавонӣ-2023 муайян шуданд.
"Барои баромадан ба финали мусобиқа ҷавонони "Регар-ТадАЗ" бо "Эсхата" ва "Хатлон" бо тими артиш - КМВА санаи 19-уми июл бозӣ мекунанд", - омадааст дар иттилоия.
Ғолибони бозиҳои даври 1/2 ниҳоӣ ба финал мебароянд ва дастаҳои мағлубшуда барои ҷойи сеюм рақобат менамоянд.
Барандаи ҷойи аввал бо 30 ҳазор сомонӣ, барандаи медали нуқра бо 20 ҳазор сомонӣ ва барандаи медали биринҷӣ бо 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ мегарданд, таъкид намуд ФФТ.
Ғолиби феълии мусобиқот тими ҷавонони "Истиқлол" мебошад, ки соли гузашта дар бозии ниҳоӣ бар дастаи ҷавонони "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд.
Тренер Истиклол Игорь Черевченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2023
Дар Тоҷикистон рақиби ҷиддӣ нест: Черевченко нақшаи "Истиқлол"-ро гуфт
Аммо соли равон дар марҳилаи ахири гуруҳии Ҷоми ҷавонӣ - 2023 тими ҷавонони артиш - КМВА дастаи ҷавонони"Истиқлол"-ро бо ҳисоби 4-0 шикаст дод.
Ҳамчунин тими "Хуҷанд" бо ҳисоби 3:0 бар "Куктош" ва "Эсхата" бо ҳисоби 8:1 "Ҳосилот"-ро шикаст доданд. "Регар ТадАЗ" ба дарвозаи тими "Файзканд" 3 голи беҷавоб задааст.
Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ даҳ даста ба се гурӯҳ тақсим шуда буданд. Ғолибони гурӯҳ, инчунин - дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёфта, дар он ҷуфтҳои ниманиҳоӣ ташкил шуданд.
Лентаи хабарҳо
0