https://sputnik.tj/20230717/hayat-tolibon-rusiya-davat-1058310069.html
Ҳайати Толибон* даъвати Русия ба нишастро пазируфтанд?
Ҳайати Толибон* даъвати Русия ба нишастро пазируфтанд?
Sputnik Тоҷикистон
Фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон таъйид кард, ки ҳайати Толибон*-ро ба нишасти "формати Маскав" даъват кардаанд
2023-07-17T17:30+0500
2023-07-17T17:30+0500
2023-07-17T18:19+0500
дар русия
маскав
замир кобулов
афғонистон
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013525_0:0:2713:1526_1920x0_80_0_0_c031255c29b2e8c3c052646db2a11b23.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Толибон* даъватро ба мулоқоти навбатии "формати Маскав" дар масоили сулҳ дар Афғонистон қабул кардаанд. Дар ин бора фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, Замир Кобулов иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ин мулоқот дар баробари Толибон* ҳамчунин ҳамаи аъзои формати Маскав иштирок хоҳанд кард. Маврид ба зикр зикр аст, ки дар "формати Маскав" намояндагони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Чин, Покистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро шомил мебошад. Дар мавриди замони баргузории ин ҳамоиш дар масоили Афғонистон, Кобулов изҳор дошт, ки он моҳи сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст. Интизор меравад, ки намояндагони "формати Маскав" ин дафъа дар шаҳри Қазон ҷамъ меоянд. Ёдовар мешавем, ки "формати Маскав"-и машваратҳо дар масоили сулҳу ҷанги Афғонистон соли 2017 таъсис дода шуда буд. Охирин чунин мулоқот моҳи ноябри соли 2022 баргузор гардида буд, ки он замон намояндагони Толибон* ба он даъват нашуда буданд. Толибон* дар маҷмӯъ аз формати Маскав хуш истиқбол гирифта, таъкид намуданд, ки тамарқузи таваҷҷӯҳ ба сулҳ дар Афғонистон ҳамчун кишвари воҳид ва мустақил аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта қобили дастгирист. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаккули ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳои ва гурӮҳҳои сиёсии кишварро талаб дорад. *-гуруҳ барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
https://sputnik.tj/20230714/afghoniston-khostor-laghv-tahrimho-tijori-1058275363.html
маскав
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/15/1043013525_0:0:2713:2036_1920x0_80_0_0_810c341d9ab50415b5aa0522a06d95a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, даъват, русия, формат, маскав, пазируфтанд
толибон, даъват, русия, формат, маскав, пазируфтанд
Ҳайати Толибон* даъвати Русия ба нишастро пазируфтанд?
17:30 17.07.2023 (Навсозишуда: 18:19 17.07.2023) Фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон таъйид кард, ки ҳайати Толибон* - ро ба нишасти "формати Маскав" даъват кардаанд
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Толибон* даъватро ба мулоқоти навбатии "формати Маскав" дар масоили сулҳ дар Афғонистон қабул кардаанд.
Дар ин бора фиристодаи вижаи раисҷумҳури Русия дар умури Афғонистон, Замир Кобулов иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин мулоқот дар баробари Толибон* ҳамчунин ҳамаи аъзои формати Маскав иштирок хоҳанд кард.
Маврид ба зикр зикр аст, ки дар "формати Маскав" намояндагони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Русия, Ҳиндустон, Эрон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Чин, Покистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро шомил мебошад.
Дар мавриди замони баргузории ин ҳамоиш дар масоили Афғонистон, Кобулов изҳор дошт, ки он моҳи сентябри соли равон ба нақша гирифта шудааст.
Интизор меравад, ки намояндагони "формати Маскав" ин дафъа дар шаҳри Қазон ҷамъ меоянд.
Ёдовар мешавем, ки "формати Маскав"-и машваратҳо дар масоили сулҳу ҷанги Афғонистон соли 2017 таъсис дода шуда буд.
Охирин чунин мулоқот моҳи ноябри соли 2022 баргузор гардида буд, ки он замон намояндагони Толибон* ба он даъват нашуда буданд.
Толибон* дар маҷмӯъ аз формати Маскав хуш истиқбол гирифта, таъкид намуданд, ки тамарқузи таваҷҷӯҳ ба сулҳ дар Афғонистон ҳамчун кишвари воҳид ва мустақил аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёфта қобили дастгирист.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ташаккули ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони ҳамаи қавмҳои ва гурӮҳҳои сиёсии кишварро талаб дорад.
*-гуруҳ барои фаъолияти террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.