Афғонистон хостори лағви таҳримҳои тиҷорӣ шуд

© AFP 2023 / HOSHANG HASHIMIВазири хориҷаи ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ
Вазири хориҷаи ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Обуна шудан
Вазири хориҷаи ҳукумати толибҳо бо намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид ва муовини “UNAMA” дар Кобул дидору гуфтугӯ кард
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Вазири умури хориҷаи ҳукумати толибҳо Амирхон Муттақӣ дар дидор бо намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Роза Отумбоева ва Дониел Андерс, муовини “UNAMA” дар Кобул, хостор бардоштан маҳдудиятҳои тиҷоратии ҷаҳон бо ин гурӯҳ шудааст, иттилоъ додааст “Радио дарӣ”.
Сухангӯи вазорати хориҷаи толибҳо дар риштаи твиттерии худ навиштааст, ки Оқои Муттақӣ дар ин дидор аз намояндаи дабири кулли СММ дар Афғонистон хостааст то дар канори ироаи кумакҳои башардӯстонаи ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба мардуми кишвар маҳдудиятҳои вазъ шудаи тиҷорӣ бо Афғонистонро низ бурдоранд.
Ин мақоми толибҳо ҳамчунон хоҳони идомаи кумаки муассири кишварҳои ҷаҳон ба мардуми Афғонистон шудааст.
Поле опийного мака. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Толибон*: Нигаронии кишварҳо аз кишту қочоқи маводи мухаддир дар Афғонистон беҷо аст
Сухангӯии вазорати хориҷаи толибҳо хабар дод, ки хонум Отумбоева дар ин дидор дар мавриди нишастҳои байналмилалии баргузор шуда ва нишастҳои оянда дар мавриди Афғонистон, ба вазири хориҷаи ин гуруҳ маълумот додааст.
Қаблан намояндаи вижаи дабири кулли СММ дар Афғонистон аз ҷомеъаи байналмилалӣ хоста буд, то пуштибонии амиқи худро аз Афғонистон ҳифз карда ва бархе таҳримҳои иқтисодиро тасҳил кунанд.
Лентаи хабарҳо
0