https://sputnik.tj/20230717/dastur-bobozoda-anjom-sokhtmon-khona-zilzila-mastchoh-1058301507.html
Хонаҳои сокинони аз зилзила зарардидаи Мастчоҳ кай омода мешавад? Посухи раис
Хонаҳои сокинони аз зилзила зарардидаи Мастчоҳ кай омода мешавад? Посухи раис
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан дар назар буд, ки сокинони зарардида моҳи ҷорӣ бояд ба хонаҳояшон дароянд, аммо сохтмон дар вақти лозима иҷро нашуд ва масъулин даструи қатъӣ гирифтанд
2023-07-17T11:08+0500
2023-07-17T11:08+0500
2023-07-17T17:59+0500
кӯҳистони мастчоҳ
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
сохтмон
хона
заминларза
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/18/1055730458_0:370:960:910_1920x0_80_0_0_461dcbe371db1b9e87e9b99473f1d9d7.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Сохтмону барқарорсозии хонаҳои сокинони аз зилзила зарардидаи ноҳияи Куҳистони Масчоҳ то якуми августи соли ҷорӣ бояд ба поён бирасанд. Дар ин бора раиси ноҳияии мазкур Бобозода Хайрулло, ки ҳамзамон раҳбари комиссияи ноҳиявӣ барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ аст, дастур додааст.Номбурда зимни гузориши иҷроиши корҳо ба сарраёсати ҳифзи муҳити зист, аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ генерал-майор Камолзода Ҷамшед гуфтааст, ки сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои осебдидагони офати табиӣ бо суръат идома дорад. Намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бошад, барои пурзӯр намудани корҳои сохтмону таҷдид ва назорат аз болои онҳо пешниҳодҳои мушаххас ироа кард.Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март дар вилояти Суғд, аниқтараш - дар 130-километрии шимолу шарқи Душанбе, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ заминҷунбии қавӣ рух дод. Тибқи ҳисобҳои Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, шиддати зилзила аз 3,9 то 6 баллро ташкил дод. Бино ба иттилои КҲФ Тоҷикистон, беш аз 219 бинои истиқоматӣ осеб дида, аз ҷумла 4 хона пурра ва 53 хона қисман хароб шудааст. Илова бар ин, бар асари ҷунбиши замин тақрибан 120 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда талаф ёфтанд. Масъулони ситод оид ба бартарафсозии паёмади заминҷунбӣ гуфтанд, ки аз ин ҳодисаи харобиовар ба ин ноҳияи дурдасти шимоли Тоҷикистон дар умум 4,2 млн сомонӣ зарар расидааст.
https://sputnik.tj/20230621/maqomot-sokinon-chahor-nohiyae-ofathoi-tabii-zarar-zamin-1057823991.html
кӯҳистони мастчоҳ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/18/1055730458_0:280:960:1000_1920x0_80_0_0_fe5b7ff5df1d6264b9b7d6aea1c59823.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дастур бобозода анҷом сохтмон хона зилзила зарардида мастчоҳ
дастур бобозода анҷом сохтмон хона зилзила зарардида мастчоҳ
Хонаҳои сокинони аз зилзила зарардидаи Мастчоҳ кай омода мешавад? Посухи раис
11:08 17.07.2023 (Навсозишуда: 17:59 17.07.2023) Қаблан дар назар буд, ки сокинони зарардида моҳи ҷорӣ бояд ба хонаҳояшон дароянд, аммо сохтмон дар вақти лозима иҷро нашуд ва масъулин даструи қатъӣ гирифтанд
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Сохтмону барқарорсозии хонаҳои сокинони аз зилзила зарардидаи ноҳияи Куҳистони Масчоҳ то якуми августи соли ҷорӣ бояд ба поён бирасанд.
Дар ин бора раиси ноҳияии мазкур Бобозода Хайрулло, ки ҳамзамон раҳбари комиссияи ноҳиявӣ барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ аст, дастур додааст.
Номбурда зимни гузориши иҷроиши корҳо ба сарраёсати ҳифзи муҳити зист, аҳолӣ ва ҳудуди КҲФ генерал-майор Камолзода Ҷамшед гуфтааст, ки сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои осебдидагони офати табиӣ бо суръат идома дорад.
“Маҳсулоти хӯрокворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва ҷуброни пулӣ ба зарардидагон, ки аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҷудо карда шуда буд, аз ҷониби Ситод оид ба рафъи оқибатҳои офатҳои табиии вилоят расонида шуд”, - афзудааст манбаъ.
Намояндаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бошад, барои пурзӯр намудани корҳои сохтмону таҷдид ва назорат аз болои онҳо пешниҳодҳои мушаххас ироа кард.
Ёдовар мешавем, ки шаби 23 март дар вилояти Суғд, аниқтараш - дар 130-километрии шимолу шарқи Душанбе, дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ заминҷунбии қавӣ рух дод.
Тибқи ҳисобҳои Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон, шиддати зилзила аз 3,9 то 6 баллро ташкил дод.
Бино ба иттилои КҲФ Тоҷикистон, беш аз 219 бинои истиқоматӣ осеб дида, аз ҷумла 4 хона пурра ва 53 хона қисман хароб шудааст. Илова бар ин, бар асари ҷунбиши замин тақрибан 120 сар чорвои калони шохдор ва чорвои майда талаф ёфтанд.
Масъулони ситод оид ба бартарафсозии паёмади заминҷунбӣ гуфтанд, ки аз ин ҳодисаи харобиовар ба ин ноҳияи дурдасти шимоли Тоҷикистон дар умум 4,2 млн сомонӣ зарар расидааст.