https://sputnik.tj/20230717/bonki-milli-shakhson-shirkat-tojikiston-omoda-pardokht-ghayrinaqdi-1058304027.html
Бонки миллӣ аз шахсону ширкатҳо дар Тоҷикистон хост, омодаи пардохтҳои ғайринақдӣ бошанд
Бонки миллӣ аз шахсону ширкатҳо дар Тоҷикистон хост, омодаи пардохтҳои ғайринақдӣ бошанд
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон хотиррасон кард, ки аз 1 августи соли равон пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд
2023-07-17T13:58+0500
2023-07-17T13:58+0500
2023-07-17T18:02+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
молия
хизмат
пардохт
музд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0b/1047537778_0:274:3072:2002_1920x0_80_0_0_e989a3b498588a49d8b49237cdce327b.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ аз суратҳисоби бонкӣ истифода намоянд. Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дода, афзудааст, ки соҳибкорону ширкатҳо барои ин раванд бояд омода шаванд. "Дар сурати надоштани суратҳисоби бонкӣ онҳо метавонанд, ба дилхоҳ ташкилоти қарзии молиявӣ муроҷиат намуда, суратҳисоби бонкӣ кушоянд", - омадааст дар иттилоия. Ин ниҳод тавзеҳ додааст, ки барои амалӣ намудани пардохти хизматрасониҳои муздноки давлатӣ шахсони воқеӣ - аҳолӣ метавонанд аз кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ва Интернет- бонкинг, POS терминалҳо ва QR-рамзҳо истифода намоянд. Ба гурӯҳи хизматрасониҳои муздноки давлатӣ пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ дохил мешаванд, омадааст дар иттилоия. Бонки миллии Тоҷикистон зикр намудааст, ки бо фармони президент дар кишвар ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ вусъат дода мешаванд. Аз ҷумла таъкид гардид, ки аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.
https://sputnik.tj/20230714/interneti-bosurat-guzashtan-rahmon-hukumat-1058261676.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/0b/1047537778_176:0:2908:2048_1920x0_80_0_0_b253db6f8ebec54ded8c8f5e78bb52c8.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, бонки миллӣ, пардохт, ғайринақдӣ, музд, хизматрасонӣ
эълон, бонки миллӣ, пардохт, ғайринақдӣ, музд, хизматрасонӣ
Бонки миллӣ аз шахсону ширкатҳо дар Тоҷикистон хост, омодаи пардохтҳои ғайринақдӣ бошанд
13:58 17.07.2023 (Навсозишуда: 18:02 17.07.2023) Бонки миллии Тоҷикистон хотиррасон кард, ки аз 1 августи соли равон пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва хоҷагиҳои деҳқониро зарур аст, ки барои анҷом додани пардохтҳои ғайринақдии хизматрасониҳои давлатӣ аз суратҳисоби бонкӣ истифода намоянд.
Дар ин бора Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия хабар дода, афзудааст, ки соҳибкорону ширкатҳо барои ин раванд бояд омода шаванд.
"Дар сурати надоштани суратҳисоби бонкӣ онҳо метавонанд, ба дилхоҳ ташкилоти қарзии молиявӣ муроҷиат намуда, суратҳисоби бонкӣ кушоянд", - омадааст дар иттилоия.
Ин ниҳод тавзеҳ додааст, ки барои амалӣ намудани пардохти хизматрасониҳои муздноки давлатӣ шахсони воқеӣ - аҳолӣ метавонанд аз кортҳои пардохтии бонкӣ, ҳамёнҳои электронӣ, барномаҳои мобилӣ ва Интернет- бонкинг, POS терминалҳо ва QR-рамзҳо истифода намоянд.
Ба гурӯҳи хизматрасониҳои муздноки давлатӣ пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ дохил мешаванд, омадааст дар иттилоия.
Бонки миллии Тоҷикистон зикр намудааст, ки бо фармони президент дар кишвар ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ вусъат дода мешаванд.
Аз ҷумла таъкид гардид, ки аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасониҳои муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешаванд.