https://sputnik.tj/20230714/interneti-bosurat-guzashtan-rahmon-hukumat-1058261676.html
Аз интернети босуръат то гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ: Раҳмон машварат баргузор кард
Аз интернети босуръат то гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ: Раҳмон машварат баргузор кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо баргузории як машаварат бо ҳузури мақомдорони баландпояи ҳукумату парлумони кишвар масоили мубрамро баррасӣ намуд
2023-07-14T12:06+0500
2023-07-14T12:06+0500
2023-07-14T12:26+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамкорӣ
эмомалӣ раҳмон
ҳукумат
машварат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0e/1058260841_0:110:3071:1837_1920x0_80_0_0_5bb7271cab7d130c63e4163c5491d52b.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Аз интернет то буҷа ва гузаштан ба ҳисоббаробаркунии нақдӣ аз мавзуъҳои меҳварии машварат буданд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баргузор кард. Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар машварат раиси Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ, сарвазир, Қоҳир Расулзода ва мақомдорони дигари баландпоя иштирок доштанд. Дар кори машварат аз ҷумла рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва хизматрасониҳо, баланд бардоштани рақобатнокии корхонаҳои саноатии кишвар, зиёд кардани лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ шуданд. Мукаммалсозии қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ ва беҳтар гардонидани мавқеи Тоҷикистон дар радабандии созмонҳои байналмилалӣ аз мавзӯҳои дигари машаварат буд. Дафтари матбуот афзуд, ки президент таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи онро барои рушди иқтисоди рақамӣ муҳим хонд. Ҳамчунин барои иҷрои саривақтӣ ва босифати буҷети давлатӣ, рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳо, хусусан сармояи мустақим супориш дод. Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаст, ки фармон дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ саривақт иҷро гардад. Маврид ба зикр аст, ки тибқи ин фармон аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатию пардохтҳои дигари ҳатмии буҷавӣ, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои тиббиву коммуналӣ ва ғайра бояд тариқи ғақринақдӣ амалӣ карда шаванд.
https://sputnik.tj/20230714/charo-simkortho-tojikiston-masdud-tafsilot-1058259753.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0e/1058260841_290:0:3021:2048_1920x0_80_0_0_7d4644a9f9fb0a94590bad762dbfb81b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, ҳукумат, хост, дастур, супориш
эмомалӣ раҳмон, ҳукумат, хост, дастур, супориш
Аз интернети босуръат то гузаштан ба пардохтҳои ғайринақдӣ: Раҳмон машварат баргузор кард
12:06 14.07.2023 (Навсозишуда: 12:26 14.07.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон бо баргузории як машаварат бо ҳузури мақомдорони баландпояи ҳукумату парлумони кишвар масоили мубрамро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Аз интернет то буҷа ва гузаштан ба ҳисоббаробаркунии нақдӣ аз мавзуъҳои меҳварии машварат буданд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон баргузор кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон, дар машварат раиси Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ, сарвазир, Қоҳир Расулзода ва мақомдорони дигари баландпоя иштирок доштанд.
Дар кори машварат аз ҷумла рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва хизматрасониҳо, баланд бардоштани рақобатнокии корхонаҳои саноатии кишвар, зиёд кардани лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.
Мукаммалсозии қонунгузорӣ дар самти сармоягузорӣ ва беҳтар гардонидани мавқеи Тоҷикистон дар радабандии созмонҳои байналмилалӣ аз мавзӯҳои дигари машаварат буд.
Дафтари матбуот афзуд, ки президент таъмин намудани суръати баланди интернет ва дастрас будани нархи онро барои рушди иқтисоди рақамӣ муҳим хонд.
Ҳамчунин барои иҷрои саривақтӣ ва босифати буҷети давлатӣ, рушди корхонаҳои истеҳсолӣ, ҷалби бештари сармоягузориҳо, хусусан сармояи мустақим супориш дод.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаст, ки фармон дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ саривақт иҷро гардад.
Маврид ба зикр аст, ки тибқи ин фармон аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатию пардохтҳои дигари ҳатмии буҷавӣ, ҷаримаҳо, хизматрасониҳои тиббиву коммуналӣ ва ғайра бояд тариқи ғақринақдӣ амалӣ карда шаванд.