Тиҷорати хориҷии вилояти Суғд наздик ба 1,4 млрд. доллар расид

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода
ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Обуна шудан
Мақомдорони вилояти Суғд мегӯянд, ки аз вилоят ба хориҷ дар шаш моҳи соли равон бештар маъдан ва консентрат, семент ва нахи пахта содирот шудааст
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба 1 млрд.​ 350,8 млн. доллар расид, иттилоъ додааст муовини якуми Раиси вилоят Хол Ҳайдар дар ҷаласаи фаъолони вилоят.
Ба иттилои муовини якуми Раиси вилояти Суғд ҳаҷми воридот 926,2 млн. доллар ва содирот 424,6 млн. долларро ташкил намудаст.​
Вай гуфт, дар нимсолаи якуми соли 2023 ҳамагӣ 149854 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 235,8 млн. доллар, 252348 тонна семент ба маблағи 8,1 млн. доллар ва 22407 тонна нахи пахта ба маблағи 40,2 млн. доллар содирот шудааст.
Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки ҳаҷми умумии гардиши савдо ба 8 млрд​ 381 млн. сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба 2 млрд.​ 120,4 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 111,0 ва 104,3 ​ фоизро ташкил намудааст.​
Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.07.2023
Раҳмон бо сокинони Суғд якбора се ҷашнро таҷлил кард
Ёдовар мешавем, ки ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2022 ба 1 млрд. 416,8 млн. доллари ИМА расонида шуда.
Бозори Русия барои тоҷирони вилояти Суғд муҳим мебошад. Ба ин кишвар аксари моли содиротии вилоят рост меояд ва ин кишвар дар мақоми намоён қарор гирифтааст.
Гуфта мешавад, соли 2022 савдои беруна байни Суғд ва кишварҳои Итттиҳоди давлатҳои мустақил ба 2,1 млрд доллар расидааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 489 млн доллар ё 29 дарсад бештар будааст.
Лентаи хабарҳо
0