https://sputnik.tj/20230717/afzoish-tavlid-mahsulot-kishovarzi-sughd-1058303630.html
Афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар шимоли Тоҷикистон
Афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар шимоли Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Кишоварзони шимоли Тоҷикистон дар давоми 6 моҳи аввали соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи зиёда аз 4,2 млн сомон маҳсулот тавлид кардаанд
2023-07-17T12:58+0500
2023-07-17T12:58+0500
2023-07-17T18:40+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамкорӣ
суғд
кишоварзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/05/1051896259_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_e0bf1e1a0d5a8ea9794f1dbb4efb2323.jpg
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд тайи нимсолаи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 15% таъмин шудааст. Ба иттилои омори расмӣ, кишоварзони вилоят ба ҳолати аввали моҳи июл дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 4,2 млрд сомонӣ маҳсулот тавлид кардаанд. Таъкид шудааст, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони зиёда аз 280 ҳазор гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст. Мақомоти Суғд мегӯянд, аз ҷумла дар вилоят истеҳсоли сабзавот ба зиёда аз 88 ҳазор тона расонида шудааст. Инчунин, тавлиди мевагиҳо ба 91 ҳазор тон баробар шудаст. Тибқи омор, истеҳсоли пиёз 1%, картошка 0,3%, полезӣ 11% ва мевагиҳо зиёда аз 2 баробар бештар ҷамъоварӣ карда шуданд.Маврид ба зикр аст, ки дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд ба маблағи зиёда аз 12 млрд сомониро ташкил дод. Дар умум, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба зиёда аз 1,35 млрд доллари амрикоӣ баробар шуд. Ба иттилои муовини раиси ин вилоят Хол Ҳайдар, ҳаҷми воридоти коло дар нимсолаи аввал муодили 926 млн доллар шуда, содирот ба 424 млн доллар баробар гардидаст.
https://sputnik.tj/20230717/ahmadzoda-jalb-quvvai-kori-koreya-maqomot-barrasi-1058303053.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0a/05/1051896259_176:0:2907:2048_1920x0_80_0_0_645bd1f14d83a4de7de57886cb29213e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, ҳаҷм, ҳосил, кишоварзон, суғд
эълон, ҳаҷм, ҳосил, кишоварзон, суғд
Афзоиши тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар шимоли Тоҷикистон
12:58 17.07.2023 (Навсозишуда: 18:40 17.07.2023) Кишоварзони шимоли Тоҷикистон дар давоми 6 моҳи аввали соли равон дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи зиёда аз 4,2 млн сомонӣ маҳсулот ба даст оварданд.
ДУШАНБЕ, 17 июл — Sputnik. Тавлиди маҳсулоти кишоварзӣ дар вилояти Суғд тайи нимсолаи аввали соли равон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 15% таъмин шудааст.
Ба иттилои омори расмӣ, кишоварзони вилоят ба ҳолати аввали моҳи июл дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи 4,2 млрд сомонӣ маҳсулот тавлид кардаанд.
Таъкид шудааст, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони зиёда аз 280 ҳазор гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст.
Мақомоти Суғд мегӯянд, аз ҷумла дар вилоят истеҳсоли сабзавот ба зиёда аз 88 ҳазор тона расонида шудааст. Инчунин, тавлиди мевагиҳо ба 91 ҳазор тон баробар шудаст.
Тибқи омор, истеҳсоли пиёз 1%, картошка 0,3%, полезӣ 11% ва мевагиҳо зиёда аз 2 баробар бештар ҷамъоварӣ карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, ки дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд ба маблағи зиёда аз 12 млрд сомониро ташкил дод.
Дар умум, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба зиёда аз 1,35 млрд доллари амрикоӣ баробар шуд.
Ба иттилои муовини раиси ин вилоят Хол Ҳайдар, ҳаҷми воридоти коло дар нимсолаи аввал муодили 926 млн доллар шуда, содирот ба 424 млн доллар баробар гардидаст.