https://sputnik.tj/20230713/tojikiston-rusiya-hamkori-metallurgiya-ranga-muvofiqa-1058248328.html
Тоҷикистону Русия барои ҳамкорӣ дар бахши металлургияи ранга ба мувофиқа расиданд
Тоҷикистону Русия барои ҳамкорӣ дар бахши металлургияи ранга ба мувофиқа расиданд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо ҷониби Федератсияи Русия имконоти ҳамкориҳо дар соҳаи саноати вазнинро баррасӣ кард
2023-07-13T16:05+0500
2023-07-13T16:05+0500
2023-07-13T16:05+0500
дар тоҷикистон
русия
саноат
ҳамкорӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/13/1057226258_0:317:3078:2048_1920x0_80_0_0_06693533fbb13cfbdaa5241a3952fba8.jpg
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Миёни Тоҷикистону Русия ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи саноат имконпазир аст. Ин имкон дар мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир бо президенти Ширкати мисии Русия (РМК) Василченко дар намоишгоҳи "Иннопром-2023" баррасӣ шуд. Раҳбари Вазорати саноат ва аъзоёни ҳайати намояндагони расмӣ бо сардории у ба Ширкати мисии Русия омада, бо фаъолияти корхона хаматарафа ва равшан шинос шуданд. Шералӣ Кабир ва Андрей Василченко роҷеъ ба имконоти роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Русия дар бахши саноат, бахусус дар бахши металлургияи ранга табодули назар карданд. Қаблан, дар ҷаласаи намоишгоҳи "Иннопром-2023" дар Екатеринбург вазир гуфта буд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар давоми 5 сол бояд ду баробар афзоиш ёбад. Инчунин, кишвар метавонад дар бозори ҷаҳонии иқтисоди сабз ҷои яке аз таъминкунандагони асосии металлро ишғол кунад.
https://sputnik.tj/20230706/korkhonai-metallurgi-misgudozi-shahri-panjakent-video-1058115053.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/05/13/1057226258_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_b5242fc1ec88fafed552c5fd467599be.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон русия ҳамкорӣ металлургия ранга мувофиқа
тоҷикистон русия ҳамкорӣ металлургия ранга мувофиқа
Тоҷикистону Русия барои ҳамкорӣ дар бахши металлургияи ранга ба мувофиқа расиданд
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон бо ҷониби Федератсияи Русия имконоти ҳамкориҳо дар соҳаи саноати вазнинро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Миёни Тоҷикистону Русия ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаи саноат имконпазир аст.
Ин имкон дар мулоқоти вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир бо президенти Ширкати мисии Русия (РМК) Василченко дар намоишгоҳи "Иннопром-2023" баррасӣ шуд.
Раҳбари Вазорати саноат ва аъзоёни ҳайати намояндагони расмӣ бо сардории у ба Ширкати мисии Русия омада, бо фаъолияти корхона хаматарафа ва равшан шинос шуданд.
Шералӣ Кабир ва Андрей Василченко роҷеъ ба имконоти роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Русия дар бахши саноат, бахусус дар бахши металлургияи ранга табодули назар карданд.
Қаблан, дар ҷаласаи намоишгоҳи "Иннопром-2023" дар Екатеринбург вазир гуфта буд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар давоми 5 сол бояд ду баробар афзоиш ёбад.
Инчунин, кишвар метавонад дар бозори ҷаҳонии иқтисоди сабз ҷои яке аз таъминкунандагони асосии металлро ишғол кунад.