Оғози кори корхонаи металлургии мисгудозӣ дар шаҳри Панҷакент – видео

Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон иттилоъ додаааст, ки корхонаи мисгудозии ширкати муштараки “Зарафшон” бо муосиртарин технологияи ҷаҳонӣ бунёд ёфтаааст
Ахиран Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент ба фаъолияти Корхонаи металлургии мисгудозӣ, пойгоҳи кислароди адсербтсионӣ, коргоҳи обтозакунию коркарди дубораи партов, полоишгоҳи рақами 3 дар Корхонаи муштараки “Зарафшон”оғоз бахшид.
Коргоҳи мазкур, ки ба истеҳсоли миси стандарти катодӣ машғул аст, иқтидори коркарди 165 ҳазор тонна консентрати дорои мис ва тиллоро дар як сол дошта, маҳсулоти ниҳоии аълосифатро аз он истеҳсол менамояд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз ин миқдор консентрати коркардшуда дар навбати аввал 4,5 ҳазор тонна миси катодӣ, ҳамчунин ба миқдори муайян тилло ва нуқра истеҳсол карда мешавад.
Ифтитоҳи корхонаи металлургии мисгудозӣ дар шаҳри Панҷакент
Бояд гуфт, ки то ба имрӯз хокаи консентрати дорои мис ҳамчун ашёи хом ба дигар давлатҳо барои коркарду истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ содирот карда мешуд.
Корхонаи мисгудозии ширкати муштараки “Зарафшон” бо муосиртарин технологияи ҷаҳонӣ бунёд ёфта, хаттҳои истеҳсолии он дар минтақа назир надоранд ва тибқи баҳогузории байналмилалӣ, ба талаботи “Иқтисоди сабз” мутобиқ мебошад.
Корхонаи муштараки “Зарафшон” феълан коркарди конҳои “Таррор”, “Ҷилав”, “Олимпики”, “Хирсхона”, кони оҳаксанги “Даҳани мазор” ва регу шағали “Моғиёндарё”-ро ба роҳ мондааст.
Ифтитоҳи парваришгоҳи нигоҳдории ҳайвоноти нодир дар ноҳияи Шаҳристон
Тибқи маълумоти масъулин, дар 6 моҳи соли ҷорӣ Корхонаи муштараки “Зарафшон” ба маблағи зиёда аз 2,2 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардааст. Дар ин давра ҳамчунин истеҳсоли хокаи бойгардонидашуда 23,1 ҳазор тоннаро ташкил дод ва ин нишондод дар ҳамин давраи соли гузашта ба 18,4 ҳазор тонна баробар буд.
Лентаи хабарҳо
0