“Талоши ҷадид”: “Талко” ин дафъа то куҷо меравад?

© Sputnik / Амир ИсаевТаджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото
Таджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Ширкати алюминиуми Тоҷикистон ё “Талко” ахиран эълон кардааст, ки соли равон тавлиди алюминиумро ба 10% афзоиш хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Қариб 15 сол аст, ки ин абарширкати маъруфи тоҷикӣ бар ҳар наҳве худро аз мунҷалоби буҳронҳо берун мекашад, аммо дигарбора дар гири онҳо меафтад.
Павел Дик, муовини раиси “Талко”, зимни як суҳбат ба хабарнигорон дар шаҳри Турсунзода, мақарри ин ширкат, гуфт, бо он вуҷуд ки “Талко” аз паёмадҳои буҳрони ношӣ аз пандемияи коронавирус ранҷ мебурд, дар нимсолаи аввали соли равон (2023) марҳалаи барқарор кардани иқтидорҳо, таҷдиди фондҳои асосиву таҷҳизоти нави истеҳсолӣ ва тақвияти раванди технологиро шуруъ кард.
“Дар ин миён мо тавонистем, ки як теъдод электролиз ё дегҳои барқиро таҷдид кунем ва истеҳсоли алюминиумро афзойиш диҳем”, - гуфт Павел Дик.
Тибқи иттилои “Талко”, тайи шаш моҳи аввали соли равон ин ширкат 28 электролизи навро фаъол карда, ҳаҷми истеҳсолотро ба 31 ҳазору 510 ё 61 тон бештар аз ҳамин давраи соли гузашта афзойиш дод ва қарор аст дар қиёс бо соли гузашта (62 ҳазор тон) истеҳсоли солонаи алюминиумро низ 10% боло барад.
Завод ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
ТАЛКО ба мутахассисони касбӣ ниёз дорад
Ба қавли муовини раиси ширкат, 15 электролизи дигар дар марҳалаи бакорандозӣ аст ва то охири сол теъдоди онҳо ба беш аз 90 адад хоҳад расид.
“Афзойиши зарфиятҳои истеҳсолӣ ба мо имкон медиҳад, ки теъдоди коргарони ширкатро низ афзойиш диҳем”, - гуфт Павел Дик.
Тибқи иттилои “Талко”, дар ин ширкат 4767 нафар дар ҳоли ҳозир кор мекунанд ва қарор аст, баъд аз барқарор шудани электролизҳо аз 1,5 то 2 ҳазор нафари дигар ба кор гирифта шаванд.
Павел Дик гуфт, тайи ним соли гузашта маоши коргарон низ 10% боло рафта, ҳоло музди миёнаи онҳо 2204 ва музди миёни мутахассисони атрофи 4 ҳазор сомонӣ аст.
Аммо тарҳи баландпарвозонаи “Талко” ҳамоно то се соли дигар ба 300 ҳазор тон расонидани тавлиди алюминиум аст, ки боз ҳам як хушбинӣ дар беш аз 15 соли ахир аст.
“Даврони тиллоӣ” – и “Талко” ба замони Шӯравӣ бармегардад, ки Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон (ТадАз) номида мешуд ва дар 12 ҳазор корпусаш, ки ҳудуди 1000 деги барқӣ ва 13 ҳазор коргар дошт, ҳудуди 430 ҳазор тон алюминиум тавлид мекард. Аммо таърихи ин бузургтарин ширкати алюминиуми Осиёи Марказӣ пас аз фурӯпошии Шӯравӣ дучори шебу фарозҳое шуд.
То соли 2007, ки Корхонаи алюминиум ҳамоно давлатӣ ва бо вуҷуди тавлиди 400 ҳазор тон алюминиум ва дар атрофи 4 ҳазор доллар бозӣ кардани нархи як тони он, 735 миллион доллар қарздор шуда буд ва дар чанги гуруҳҳои ҷиноии милливу фаромиллӣ, ки 1 тон гилхокро агар ба 100 доллар ворид намуда, ба 200 доллар расмият мебахшиданд, афтода буд. Ширкат бо суқут рӯбарӯ шуда буд.
Шералӣ Кабир - вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.01.2023
Баҳои Раҳмон ба кори вазорати саноат ва дастур ба Шералӣ Кабир
Соли 2007 ҳукумати Тоҷикистон Корхонаи алюминиумро ба “Ширкати алюминиуми тоҷик” ё “Талко” табдили сохтор дода, онро 100% моликияти давлатӣ эълон кард. Раҳбарияти ширкат ба пуррагӣ табдил ёфт. Худи ҳамон сол ширкат фақат дар 10 корпус 422 ҳазор тон алюминий тавлид кард, ки баландтарин нишондод дар таърихи 20 соли ахири он арзёбӣ мешавад. Аммо ин вазъ дер давом накард.
Буҳрони ҷаҳонии соли 2008 нархи алюминиумро якбора ба замин зад (аз $3860 ба 1200) ва “Талко” дигарбора дар рӯбарӯи суқут қарор гирифт. Ширкат ба сармоягузорӣ эҳтиёҷ дошт, аммо шӯҳрати номақбуле, ки дошт, дар ин амр монеа эҷод мекард. Маҷбур шуд, аудити фаъолияти худро анҷом диҳад, то шаффофият ба даст орад.
Соли 2010 Moore Stephens, яке аз ширкатҳои маъруфи аудитории Бритониё, аудити фаъолияти шашсола (2006 – 2010) – и “Талко”- ро анҷом дод. Ширкат аз ҳамон сол то ба ҳол ҳамасола аудит мешавад ва танҳо ширкати шаффоф дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Буҳрони соли 2008 “Талко” – ро маҷбур кард, ки ашёи хоми дохилиро пайдо намуда, технологияашро модерниза кунад. Аз ҷумла, он замон ки Ӯзбекистон интиқоли газро барои корхона қатъ карда буд, корхонаеро ба номи “Талко - ресурс” бо иқтидори 400 ҳазор тон ангишт дар сол ба кор андохт ва дастгоҳҳои истихроҷи газ аз ангиштро ба кор дароварда, аз вобастагии гази хориҷӣ раҳоӣ ёфт. Ё соли 2015 тавлиди маҳсулоти насӯз ё тобовар ба оташ, назири хиштҳои навъи гуногун, кварсит, графити 97% ва ҳамчунин шиша моеъ ва ширкати дигар “Талко - кемикал” (Ёвон) – ро соли 2016 барои истеҳсоли криолит, фториди алюминий ва асиди сулфат, ки барои алюминий заруранд, ба роҳ андохт.
“Талко” дар умум 10 ширкати тобеъро бо сармоягузориҳои хориҷӣ фаъол кард ва ҳоло 60% ашёи хоми худро аз дохил ба даст меорад. Аммо барои истеҳсоли алюминий 24 намуди ашёи хом зарур аст, ки 12 адади он асосиянд. Ширкат фақат 3 намудро дар Тоҷикистон ба даст меорад ва 9 намуди дигарро аз хориҷ ворид мекунад.
Шерали Кабир и Денис Мантуров на  Иннопром-2023  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
Шералӣ Кабир хостори сармоягузории Русия ба технопракҳои Тоҷикистон шуд
Буҳрони ҷаҳонии 2013-2016 низ ба кори ширкат садама ва хисороти қобили таваҷҷуҳеро ворид кард. Бино ба иттилои ширкат, соли 2015 $60,8 ва 2017 - $73,8 миллион доллар зарар дид.
Ҳарчанд дар соли 2017 - 12.4, 2018 - 76.9 ва 2019 - 22.6 доллар миллион суди холисро ба даст овард ва эълон дошт, ки соли 2020 тавлиди алюминиумро ба 40% афзоиш хоҳад дод (соли 2019 – 100 ҳазор тон), ҳамон сол пандемияи коронавирус омад, ки агарчи моли таърих шуда, аммо домани ширкатро то ба ҳол раҳо накардааст.
Аз ҷумлаи пайомадҳои сангини айёми пандемия аз кор мондани садҳо, бино ба бархе маълумот, то 200 адад поён омадани дегҳои барқии ширкат аст, ки ҳоло ба суръат таҷдид мешаванд ва ҳам ба таъхир афтодани сохтмони корхонаи нави алюминиум дар чаҳор корпуси кунунӣ аст, ки сармоягузорӣ ва техникааш бояд аз Чин ворид шавад, аммо он кишвар то ба ҳол маҳдудиятҳои замони пандемияро лағв накардааст.
Лентаи хабарҳо
0