ТАЛКО ба мутахассисони касбӣ ниёз дорад

© SputnikЗавод ТАЛКО
Завод ТАЛКО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Обуна шудан
Ширкати алюминиуми Тоҷикистон сиёсати кадриашро барои ҷалби кормандони нав, аз ҷумла мутахассисони касбии техникӣ равона намудааст
ДУШАНБЕ, 12 июль — Sputnik. Корхонаи алюминиумиТоҷикистон таъмини корҳояшро барои ҷустуҷӯи кадрҳо нав бо таҷрибаро идома хоҳад дод.
Дар ин бора дар гузориши нимсолаи аввали соли 2023, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор дорад, гуфта мешавад.
Масъулини ТАЛКО бар онанд, ки дар ояндаи наздик барои якбора зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли алюминиум корхона бояд, кормандони нав, аз ҷумла мутахассисони техникиро ҷалб намояд.
Масъулин гуфтаанд, маҳз дар ҳамин роҳ сиёсати кадриро дар ТАЛКО пеш мебарад.
Хамин тавр, корхона дар нимсолаи якуми соли чорӣ дар беашта аз 20 шуъбааш музди мехнатро зиёд кард.
Таджикский алюминиевый завод Талко, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Тасмими ТАЛКО барои афзоиши тавлиди алюминиум
Натиҷа ҳамин аст, ки музди миёнаи мехнати коргарон назар ба ҳамин давраи соли гузашта 10% боло бурда шудааст.
Бар асоси ин гузориш, маоши як мутахассиси баландихтисоси Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон дар як моҳ ба чаҳор ҳазор сомонӣ мерасад. Дар баробари ин хаҷми музди меҳнат бевосита ба нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ вобаста аст.
ТАЛКО - Корхонаи алюминиуми Тоҷикистон яке аз корхонаҳои пуриктидортарини Ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Маҳсулоти асосии он алюминиуми аввалия мебошад.
Ҳар сол қариб 98% маҳсулоти ин корхона ба хориҷ аз кишвар содирот мешавад.
Лентаи хабарҳо
0