Намояндагии “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират” дар вилояти Хатлон кай боз мешавад?

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонМулоқоти Акрам Сулаймонзода бо муовини директори генералии “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират” дар шаҳри Маскав
Мулоқоти Акрам Сулаймонзода  бо муовини директори генералии “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират” дар шаҳри Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.07.2023
Обуна шудан
Мақомоти вилояти Хатлон ифтитоҳи намояндагии “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират”-и Маскав дар вилоятро мусбат арзёбӣ карданд
ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Агар кори намояндагии “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират” шаҳри Маскав дар Душанбе хуб шавад эҳтимол дар маркази вилояти Хатлон низ филиали намояндагӣ кушода шавад.
Дар ин бора муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода дар дидор бо муовини директори генералии Муассисаи давлатии буҷетӣ “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират” дар шаҳри Москва Нуждин Олег эълон кард.
“Агар кори намояндаги хуб шавад ва бо фароҳам омадани шароит эҳтимол дар маркази вилояти Хатлон низ филиали ин намояндагӣ кушода шавад”,- гуфт оқои Сулаймонзода.
Ҳамзамон дар ин мулоқот муовини раис изҳор дошт, ки мақомоти вилояти Хатлон барои ҳамкориҳои созанда ҳамеша омодааст.
Эмомали Рахмон провел встречу с Маратом Хуснуллиным - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2023
Аз муҳоҷират то тиҷорат: Раҳмон бо Ҳуснуллин чиро баррасӣ кард
Дар ҳамин ҳол Олег Нуждин гуфт, ки мақсади сафараш ба вилояти Хатлон ин ташвиқу тарғиби намояндагии муассисаи давлатии буҷетӣ “Маркази бисёрсоҳавии муҳоҷират”-и Маскав дар Тоҷикистон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ мебошад.
“Муҳоҷирони тоҷик аз ин баъд метавонанд дар Душанбе ҳуҷҷатҳои худро омода карда баъдан ба Руссия сафар кунанд. Ҳамчунин мо имкон дорем, ки дар ҳаминҷо истода барои мутахассисони тоҷик дар Руссия кор пайдо кунем. Ширкату корхонаҳои руси, ки ба коргари кироя эҳтиёҷ доранд ё намояндагияшонро ба инҷо мефиристанд ва ё тариқи онлай бо мутахассисон суҳбати қабл аз қабул ба корро мегузаронанд”, - гуфт ӯ.
Акрам Сулаймонзода қайд кард, ки иқдоми кушодани намояндаги маркази номбурдаро хуб гуфта, илова кард, ки барои мо муҳим бехатарии шаҳрвандони мо дар қаламрави Русия мебошад.
Лентаи хабарҳо
0