https://sputnik.tj/20230619/muhojirat-tijorat-rahmon-husnullin-barrasi-1057798827.html
Аз муҳоҷират то тиҷорат: Раҳмон бо Ҳуснуллин чиро баррасӣ кард
Аз муҳоҷират то тиҷорат: Раҳмон бо Ҳуснуллин чиро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо муовини Раиси Ҳукумати Русия ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
2023-06-19T21:04+0500
2023-06-19T21:04+0500
2023-06-19T21:07+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
мулоқот
эмомалӣ раҳмон
хуснуллин
равобит
муҳоҷират
тиҷорат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/13/1057798395_0:161:3071:1888_1920x0_80_0_0_7ef68232dc38c8f1ddd6033f9641a06c.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дар Қасри миллат мулоқоти кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Ҳукумати Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар умури ҳамкориҳои иқтисодӣ Марат Ҳуснуллинро сурат гирифт.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор доданд.Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот таъкид кардааст, ки масоили таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Русия дар сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ҷойгоҳи хоса доранд ва ҷониби Тоҷикистон ба тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.Тарафҳо бар зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи пурраи мувофиқаҳои қаблан бадастомада оид ба тавсеаи минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҳамкориҳои ду кишвар таъкид намуданд.Ҳамчунин ба иттилои манбаъ ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар самтҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, бахусус дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳамзамон энергетика, комплекси агросаноатӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва сайёҳӣ муҳокима карданд.“Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд”, - хабар додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.Ба иттилои манбаъ тарафҳо ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.Дар баробари раҳбари Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи робитаҳои ду кишварро дар бахшҳои гуманитарӣ баланд арзёбӣ намуда, таъмини рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалии ҷонибҳоро дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг ҳамчун масалаҳои мубрами рӯз қайд кард.Зикр гардидааст, ки дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.
https://sputnik.tj/20230619/husnullin-rusiyavu-tojikiston-intiqol-mustaqim-kishovarzi-1057787059.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/13/1057798395_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_f2f624e93eb655d9677df5e3274eb2b1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, эмомалӣ раҳмон, марат ҳуснуллин, ҳамкорӣ, мулоқот, равоит, муҳоҷират, тиҷорат
тоҷикистон, русия, ҳамкорӣ, эмомалӣ раҳмон, марат ҳуснуллин, ҳамкорӣ, мулоқот, равоит, муҳоҷират, тиҷорат
Аз муҳоҷират то тиҷорат: Раҳмон бо Ҳуснуллин чиро баррасӣ кард
21:04 19.06.2023 (Навсозишуда: 21:07 19.06.2023) Раисҷумҳури Тоҷикистон бо муовини Раиси Ҳукумати Русия ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Дар Қасри миллат мулоқоти кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Раиси Ҳукумати Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия дар умури ҳамкориҳои иқтисодӣ Марат Ҳуснуллинро сурат гирифт.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни мулоқот тарафҳо ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Русия мавриди баррасӣ қарор доданд.
Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот таъкид кардааст, ки масоили таҳкими ҳамкориҳои гуногунҷанба бо Русия дар сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ ҷойгоҳи хоса доранд ва ҷониби Тоҷикистон ба тамоми маҷмӯи робитаҳои ду кишвар таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд.
Тарафҳо бар зарурати идомаи талошҳои ҷонибҳо ҷиҳати татбиқи пурраи мувофиқаҳои қаблан бадастомада оид ба тавсеаи минбаъдаи ҷанбаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарии ҳамкориҳои ду кишвар таъкид намуданд.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ ҷонибҳо зимни мулоқот маҷмӯи васеи масоили муносибатҳои Тоҷикистону Русияро дар самтҳои мухталифи иқтисоду тиҷорат, бахусус дар соҳаҳои саноат, аз ҷумла саноати сабук, хӯрокворӣ, ҳамзамон энергетика, комплекси агросаноатӣ, ҳамкориҳои байниминтақавӣ ва сайёҳӣ муҳокима карданд.
“Татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши воқеии иқтисоди Тоҷикистон ба ҳайси самтҳои ояндадори муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ шуданд”, - хабар додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ тарафҳо ба масъалаҳои ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, аз ҷумла ба тақвияти ҳимояи ҳуқуқиву иҷтимоии муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳифз ва тавсеаи фазои умумии маънавию фарҳангии мардумони ҳарду кишвар таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.
Дар баробари раҳбари Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи робитаҳои ду кишварро дар бахшҳои гуманитарӣ баланд арзёбӣ намуда, таъмини рушди минбаъдаи ҳамкориҳои амалии ҷонибҳоро дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг ҳамчун масалаҳои мубрами рӯз қайд кард.
Зикр гардидааст, ки дар ҷараёни суҳбат инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо муҳокима гардиданд.